Главная / Ҷуғрофия / БОЗДАРА

БОЗДАРА

bozdaraБОЗДАРА, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Тақр. 15 км дуртар аз резишгоҳи д. Боздара дар баландии 3920 м аз с. б. воқеъ аст. Оби чашма аз 4 ҷой мебарояд. Дебиташ – 1,5 л/сон., минералнокиаш – 2,24 г/л; ҳарор. обаш +18,5 – +210С. Таркиби оби чашма аз натрий (1510 мг/л), калсий (46,0 мг/л), магний (23,0 мг/л), калий (9,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (394 мг/л), сулфатҳо (156 мг/л), хлоридҳо (35,0 мг/л), кислотаи метаборат (8,0 мг/л), ҳамчунин оҳан, руҳ ва молибден иборат аст. Аз рӯи таркиби химиявӣ ба обҳои осоишгоҳи Хевиз (Маҷористон) наздик мебошад. Онро бо мақсади муолиҷаи бемориҳои санги пешобдон, талхадон, илтиҳоби музмини меъда, холесистит ва дарди мафосил метавон ошомид.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …