Главная / Илм / ВАСКУЛИТИ ПӯСТ

ВАСКУЛИТИ ПӯСТ

vaskulit-kozhiВАСКУЛИТИ ПӯСТ, гурӯҳи бемориҳое, ки дар натиҷаи гирифтор шудан ба онҳо девораи рагҳои хунгарди пӯст илтиҳоб пайдо мекунад. В. п. бинобар аксуламалҳои аллергӣ ба вуҷуд меояд. В. п. сатҳӣ ва амиқ мешавад. Дар аснои васкулити сатҳӣ дар пӯст доначаҳои гуногун (геморрагӣ, лакаҳои эритематозӣ, гиреҳчаҳо) медаманд. Ҳангоми васкулити амиқ чунин бусурот дар насҷи зери пӯст падид меояд. Васкулити амиқ метавонад боиси зарар дидани бандҳо, мушакҳо, силсилаи асабҳои канорӣ, узвҳои дохилӣ низ гардад.
Бо мақсади муолиҷаи В. п. аз антибиотикҳо (мас., пенитсиллин), витаминҳо (витамини С, витамини Р ва ғ.), афканишоти лазерӣ, оксигеншифоӣ ва ғ. истифода мекунанд. Ниг. низ Васкулит, Васкулити хунрез.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …