Главная / Илм / ВЕЗИКУЛОПУСТУЛЁЗ

ВЕЗИКУЛОПУСТУЛЁЗ

vezikulopustulezВЕЗИКУЛОПУСТУЛЁЗ, илтиҳоби фасодии пӯст. Ангезандаи он стафилококкҳо, стрептококкҳо, пневмококкҳо, қаламчамикроби рӯда ва ғ. мебошанд. В. бештар дар кӯдакони ширмак ба мушоҳида мерасад. Дар пӯст обила (1 – 2 мм; пустула)-ҳои сершумори сурхранг пайдо мешаванд, ки даруни онҳо моеъи тирагун дорад. Обилачаҳо дар чинҳои зери каш, қадкашак, қисми мӯйдори сар, пушти гардан ва бадан падид меоянд; баъди 2 – 3 рӯз кафида ба захм табдил меёбанд, баъдан карахш мебанданд. Барои пайдоиши В. чалла (норасида) ба дунё омадан ва вазни кам доштани тифл, серарақӣ, ғизои сунъӣ ва ғ. мусоида мекунанд.
Кӯдаки беморро оббозӣ дорондан мумкин нест; бо маҳлули гандзудои таъсираш суст ҷойҳои солими пӯстро тоза мекунанд. Ба обилачаҳо маҳлули спиртӣ ва обии рангҳои анилинӣ мемоланд.
М.С. Исоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …