АНГЕЗИШ, қобилияти ба таъсири муҳити берунӣ ва дохилӣ ҷавоб гардонда тавонистани организми зинда. Тағйироти омилҳои муҳити беруна боиси дигаргунии мубодилаи моддаҳо мешавад; организми занда аз ҳолати нисбатан ором ба ҳолати фаъол мегузарад. Материяи зинда А.-ро ҳис карда, ба он бо ҳолати тағйирёбии ғайримахсус (тез шудани мубодилаи моддаҳо, тағйир ёфтани потенсиали электрӣ, ҳолати физколлоидии протоплазма) ё махсус (гузарондани импулси асаб, кашиш хурдани мушак, ҷудо шудани луоб) ҷавоб мегардонад. Ниг. низ Ангезаҳои фаъолияти асаб.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …