Главная / Илм / ВЕЗАЛИЙ

ВЕЗАЛИЙ

vesaliusВЕЗАЛИЙ (Vesalius) Андреас (31. 12. 1514, Брюссел – 15. 10. 1564, ҷазираҳои Зант), табиатшинос, асосгузори анатомияи илмӣ. Тибро дар Монпелйе, баъдан дар Париж омӯхта, с. 1537 дар Базел унвони доктори ҷарроҳиро гирифтааст. С. 1539 дар Донишгоҳи Падуан (Италиёи Шимолӣ) аз анатомия дарс гуфтааст. В. аз усули аёнии таълим истифода бурда, ба шогирдон аз рӯи ҷасадҳои чоккарда дарс мегуфт. Дар китоби «Дар бораи сохтори бадани одам» (1543), ки дар асоси тадқиқоти худи олим навишта шудааст, ҷисми одамро тавсиф кардааст. В. ба таълимоти 14 аср вуҷуд доштаи Ҷолинус дар бораи силсилаи гардиши хун муқобил баромад, ки баъдан он барои аз ҷониби У. Гарвей кашф шудани гардиши хун замина фароҳам овард. В. дар таҳияи истилоҳоти нав ва аниқ сохтани истилоҳоти куҳнаи анатомӣ саҳми назаррас гузоштааст. В. бинобар эътироф накардани Ҷолинус ва муқобилат бо калисо мухолифони зиёд пайдо мекунад, ки дар оянда ба эҷоди ӯ таъсири манфӣ расонд. Кор то дараҷае расид, ки В. аз навмедӣ дастнависҳои худро ба коми оташ андохта, пизишки дарбори Карли V гашт. Лек душманон В.-ро осуда намегузоштанд ва ӯ маҷбур шуд, ки ба зиёрати Фаластин равад. В. дар бозгашт аз сафар бинобар шикастани киштӣ ба ҷазираи Зонт афтода дар он ҷо вафот меёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …