Главная / Илм / АНГИНА

АНГИНА

anginaАНГИНА (Angina pharyngis; аз лот. ango – буғӣ мекунам), гулӯдард, заҳрбод, бемории сироятие, ки чун илтиҳоби бодомакҳои ком зоҳир мешавад. Бодомакҳо дар гулӯ аз ду тарафи забонча ва коми нарм ҷой гирифтаанд ва онҳоро ҳангоми кушодани даҳон дидан мумкин аст.
А.-ро микробҳои гуногун, асосан стрептококкҳо ба вуҷуд меоранд; онҳо ба гулӯ аз ашёи рӯзгор (мас., косаву табақи шахси бемор) роҳ меёбанд. Гоҳо микробҳое, низ ки дар гулӯ мавҷуд буда, одатан, А.-ро намеангезанд, зери таъсири шароити номусоид (мас., хунукӣ ё ногаҳон тағйир ёфтани ҳарорати муҳит) фаъол мегарданд ва муҷиби беморӣ мешаванд. Баъзе одамон агар яхмос хӯранд, пояшонро тар ё оббозӣ кунанд, дарҳол маризи А. мегарданд. Моддаҳои гуногуни муассир (дуд, чанг, шароб ва ғ.), ҳамчунин мавҷудияти аденоидҳо ё диг. иллатҳои пешгоҳи ком низ ба пайдоиши А. мусоидат мекунанд. Газаки бинӣ ва ҷавфи он (мас., Гайморит), инчунин илтиҳоби ҷавфи даҳон (дандонҳои пӯсида) боиси зуд-зуд хуруҷ ёфтани А. хоҳанд шуд.
А., одатан, ногаҳон сар мешавад. Гулӯ танг ва хушк шуда месӯзад, ҳангоми фурӯ бурдани луқма дард мекунад; мариз бемадор, сар вазнин ва таб пайдо хоҳад шуд. Ҳангоми А. бодомакҳо сурх шуда, дар пардаи луобии онҳо доначаҳои римнок ба вуҷуд меоянд.
А. бисёр вақт 7 – 8 рӯз давом карда, бо шифои бемор анҷом меёбад. Агар бемор ба духтур дер муроҷиат кунад, маслиҳати ӯро ба ҷо наорад ё бо худмуолиҷа машғул шавад, мумкин аст оқибати А. нохуш гардад. Римхонаи атрофи бодомак (думбали назди бодомак) аломати анҷоми бади А. аст. Он баъд аз 2 – 3 рӯзи нест шудани зуҳуроти беморӣ пайдо мешавад. Таби бемор якбора баланд (39 – 400С ) шуда, гулӯ сахт дард мекунад, обу хӯрок хӯрда наметавонад, даҳонро бо душворӣ мекушояд; дар натиҷаи газаки гиреҳҳои лимфавӣ гардан варам мекунад. Дар мавриди тӯл кашидани беморӣ римхонаи назди бодомак васеъ ва гулӯ танг мешавад, нафаскашӣ қатъ мегардад.
Ҳангоми А. иҷро намудани тавсияи духтур шарти асосии зудтар шифо ёфтан буда, имкон медиҳад, ки оризаҳои беморӣ пешгирӣ карда шаванд. Хӯроки бемор бояд гуногун ва серғизо бошад: гӯштоб, шавлаи суюқи манка, котлети буғпаз, шири гарм, лимучой ва ғ. Истеъмоли хӯроки тунду тез, гарму дурушт мумкин нест. Ғарғараи гулӯ ва дигар воситаҳои муолиҷаро, ки духтур тавсия кардааст, дар вақташ бояд иҷро кард. Барои он ки ҳангоми ғарғара (2 – 3 дақиқа) дору ба дарунтари гулӯ расад, сарро ба пушт хам карда, нафас нагиред.
Азбаски А. бемории сироятӣ аст, бемор бояд косаву табақ ва сачоқи алоҳида дошта бошад. Шахсе, ки ба бемор нигоҳубин мекунад, бояд дасташро зуд-зуд шуста, онро бо атр, спирт ва ғ. тоза кунад. Косаву табақи беморро 10 – 15 дақиқа ҷӯшонида, либосҳои ӯро алоҳида шустан лозим аст. Дар назди бистари бемор барои туф кардан зарфи махсус гузошта, ба он маҳлули гандзудо (мас., маҳлули перманганати калий) меандозанд.
А. дар бисёр одамон гоҳ-гоҳ такрор мешавад. Вале дар баъзе мавридҳо таъсири иллати бодомакҳо боқӣ монда, газаки шадид ба газаки музмин мубаддал мегардад (ниг. Тонзиллит). А. ба системаю узвҳои муҳими организм таъсир расонда, боиси газаки гурдаҳо (ниг. Нефрит), тарбод ва осеби банду буғумҳо (ниг. Артрит) хоҳад шуд.
Беҳдошти муҳит, хусусан дар шароити истеҳсолот бартараф кардани чангу ғубор, дуд, таҳти назорати духтур гирифтани ашхосе, ки зуд-зуд гирифтори А. мешаванд, роҳҳои асосии пешгирии беморианд. Азбаски сардии аз ҳад зиёди бадан яке аз сабабҳои асосии пайдоиши А. мегардад, организмро аз моҳҳои авали ҳаёт обутоб додан (оббозӣ, қабули ваннаҳои ҳавоӣ ва офтобӣ, варзиши бадан) лозим аст; бо оби хунук чайқонидани гулӯ низ аҳамияти калон дорад. Аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва тамокукашӣ худдорӣ бояд кард. Нафақат таъсири никотин, балки таъсири ҳарорати дуд ва маҳсули тақтири хушки тамоку низ боиси илтиҳоби луобпардаи гулӯ мегарданд. Тамокукашӣ хусусан ҳангоми беморӣ зарар дорад (аксар вақт ҳоли маризро якбора бад мекунад).
Ад.: Богомильский М.Р., Чистякова В.Р., Детская оториноларингология, М., 2002; Хирургические болезни детского возраста, М., 2004; Запруднов А.М. (ва диг.), Детские болезни, М., 2004.
Б. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …