ВАСОИТИ ОРОСТАГӣ, маводе, ки дар саноати атторӣ истеҳсол карда мешаванд. В. о. дар лабораторияҳои махсус аз санҷиш (экспертиза) ва апробатсия мегузаранд. В. о.-еро, ки бо усули ғайримуқаррарӣ тайёр карда шудаанд ё тавсияи ташкилоти дахлдорро надоранд, истифода бурдан ҷоиз нест. Саноат лосйон, крем, шампун, собуни ироқӣ ва диг. воситаҳои нигоҳубини пӯст, рӯй, даст, пой, ҷавфи даҳон ва мӯй, маводи ришгирӣ, косметикаи ороишӣ ва ғ.-ро истеҳсол мекунад. Ҳар яки онҳо маълумотнома дорад, ки пеш аз истифода бо он шинос шудан лозим аст.
Лосйонҳо арақ, чарби пӯст ва чиркро тоза карда, ба пӯст тароват мебахшанд. Лосйонҳоро барои нигоҳубини пӯсти муқаррарӣ ва равғанӣ, инчунин чун воситаи табобатӣ (ҳангоми амрози гуногуни пӯст) истифода бурдан мумкин аст. Ба таркиби онҳо, ғайр аз об, спирт, глитсерин ва моддаҳои мушкин, инчунин (вобаста ба таъинот) моддаҳои безараргардон, сардиовар, қиёми алафҳо, витаминҳо, афшураҳо низ дохил мешаванд.
Кремҳо эмулсияҳое мебошанд, ки хосияти нармсозӣ, зидди илтиҳоб ва сафедибахш доранд. Муми занбӯри асал, ланолин, равғани растанӣ, равғани мағзҳо, равғани анбарзо, глитсерин ва ғ. ба сифати асоси равғании кремҳо истифода мешаванд.
Кремҳои моеъ барои тоза кардани чирки пӯсти хушк, нарм сохтан ва муҳофизати он аз шамол, хунукӣ ва дигар таъсироти ногувор, барои пок намудани воситаҳои косметикаи ороишӣ таъин шудаанд; онҳоро пеш аз молидани упо истифода метавон бурд.
Барои пӯсти хушк, муқаррарӣ, пажмурда ва равғанӣ навъҳои зиёди кремҳои ғизоӣ мавҷуданд. Кремҳои ғизоиро ба рӯй, қисми пеш ва ду тарафи гардан ба муддати 30 – 60 дақиқа (баъзан ба муддати 2 соат) мемоланд; баъд креми боқимондаро ба рӯймолчаи косметикӣ ё гигиенӣ тоза мекунанд.
Кремҳои ғизобахшро вобаста ба хосияти пӯст (хушк, равғанӣ, муқаррарӣ) интихоб мекунанд. Онҳоро доимо иваз карда меистанд, то ин ки пӯст ба ин ё он крем одат накунад. Пеш аз интихоби крем бо духтури косметолог маслиҳат кардан хуб аст. Шахсони ба аллергия ё бемориҳои аллергӣ моил набояд аз кремҳое, ки дар таркибашон шири модарзанбӯр, афшураи қулфинай ва фуратсилин доранд, истифода баранд. Барои одамоне, ки ба бӯйҳои гуногун тоб намеоранд кремҳои бебӯй истеҳсол карда мешаванд.
Кремҳоеро, ки моддаҳои фаъоли биологӣ доранд, баъди 30-солагӣ истифода бурдан лозим аст.
Кремҳои сафедкунанда ҳангоми гиперпигментатсия (доғи кунҷитак, хлоазм ва ғ.) истифода мешаванд. Онҳоро ба пӯсти тоза шомгоҳ ба муддати 2 соат мемоланд ва баъд бо пахта тоза мекунанд.
Барои аз шуоъи офтоб муҳофизат кардани пӯст кремҳои «Луч», «Щит», инчунин «Крем от загара», «Курорт» ва ғ. мавҷуданд; онҳоро пеш аз баромадан ба кӯча ба ҷойҳои урёни пӯст мемоланд.
Собунҳои ироқӣ ва шампун. Собунҳои ироқӣ дар таркиби худ равғани офтобпараст, пахта ва ғ., кислотаҳои ҳадноки синтезӣ (бо иловаи моддаҳои хушбӯй ва рангубор) доранд. Одатан, собунҳои ироқӣ аз 78 – 80% кислотаҳои ҳаднок иборат буда, ишқори озоди онҳо 0,05%-ро ташкил медиҳад. Ҳангоми собун задан, ишқори озод пӯстро беравған ва баъзан аз ҳад зиёд хушк мекунад. Барои кам кардани таъсири ишқор ба аксар собунҳо моддаҳои нармиовар (ланолин, анбар ва ғ.) ҳамроҳ менамоянд (мас., собунҳои «Детское», «Спермасетовое», «Косметическое» ва ғ.). Ин собунҳо барои шустани пӯсти хушк тавсия шудаанд. Собунҳои махсус низ истеҳсол мешаванд, ки таъсири табобатӣ (зидди илтиҳоб, безараргардон ва ғ.) доранд. Мас., собунҳои «Серное», «Дегтярное», «Ихтиоловое», «Сулсеновое» ва ғ. дар мавриди тибрият, шукуфаи фалсӣ, рихинак ва диг. амрози пӯст, инчунин пӯсти серравған истифода мешаванд. Ин собунҳоро фақат бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим аст.
Ба таркиби шампунҳо ғайр аз собуни аз ашёи хушсифати равғанӣ тайёркарда ҳамчунин спирт, об, равғани канадона, моддаҳои гуногуни фаъол (гиёҳҳои доруӣ, витаминҳо ва ғ.) низ дохил мешаванд. Шампун серкафк буда, сарро нағз тоза мекунад. Дар сурати шустани сар таъиноти шампун бояд мувофиқи мақсад бошад. Мӯи хушкро ҳамеша бо шампун шустан лозим нест. Шампунҳои «Детский» ва «Малышам» (луобпардаи чашм ва пӯсти кӯдакро намесӯзонад) барои кӯдакон истеҳсол карда мешаванд. Шампунҳои ороишӣ низ мавҷуданд, ки онҳо ба мӯй тобишҳои гуногун (равшанӣ, ҷило) медиҳанд. Барои ваннаҳо шампунҳои кафкдор истеҳсол мекунанд.
Ниг. низ Косметика, Ҷарроҳии косметикӣ, Пардозгарии тиббӣ.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …