ВАСКУЛИТИ ХУНРЕЗ (Vasculitis haemorrhagica), бемории Шенлейн – Генох, капилляротоксикоз, яке аз навъҳои васкулит. Ҳангоми В. х. асосан рагҳои хурди пӯст, ҷавфи шикам ва гурдаҳо осеб меёбанд. Пайдоиш ва ҷараёни беморӣ нағз омӯхта нашудааст. В. х. баъзан пас аз сирояти вирусу бактерияҳо, бемориҳои ангалӣ, тазриқи ваксинаю зардоб, истифодаи доруҳо ба вуҷуд меояд.
Беморӣ метавонад дар ҳар синну сол пайдо шавад; асосан дар кӯдакон ва наврасон ба мушоҳида мерасад. Аломати асосӣ ва бисёр вақт ягонаи беморӣ дар пӯст дамидани бусурот аст (доначаҳои сурхтоб ва кабудранги майда, ки мутаносибан дар сатҳи пеши соқ ва кафи по, рон, сурин, гоҳо дар бозу ва китф падид меоянд). Дар ҳолатҳои вазнин бусурот ба ярачаҳо табдил меёбад. Ҳангоми В. х. баъзан узвҳои дохилӣ низ осеб мебинанд. Дар натиҷаи иллати рагҳои шикампарда, рӯда ва ғ. дар шикам дарди хуруҷмонанд пайдо шуда, бемор бисёр қай (хунолуд) мекунад, наҷосат омехта бо хун меояд. Баъзан гурдаҳо низ зиён мебинанд, пешоб хунолуд мешавад, аломатҳои гломерулонефрит рух менамоянд.
В. х.-ро дар беморхона муолиҷа мекунанд. Бо мақсади табобат доруҳои антигистаминӣ, кислотаи аскорбинат, доруҳои зидди илтиҳоб, глюкокортикоидҳо ва ғ. истифода бурда мешаванд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …