Главная / 2018 / January (страница 18)

Архив Месяца: January 2018

ЗАНГИЛА

zangila

ЗАНГИЛА (Scorbutus), синга, скорбут, як навъ беморӣ; авитаминоз ё гиповитаминози С дар давраи возеҳ ба мушоҳида расидани падидаҳои болини (клиники)-и онҳо. Бинобар дар организм кам будан ё нарасидани кислотаи аскорбинат ташаккули унсурҳои гуногуни бофтаҳои пайвандӣ, аз ҷумла коллаген, халал ёфта, боиси суст шудани устуворӣ ва афзудани нуфузпазирии девораи рагҳо, хуншорӣ, …

Муфассал »

ЗАНҶАБИЛ

zanchabil

ЗАНҶАБИЛ (Zingiber offisinale), гармдору, растаниест бисёрсола. Баландиаш то 1 м; решапояи сергӯшт, барги нештаршакл, гули бунафштоби зард, хӯшагули саракмонанд дорад. Бехи З. хушбӯй ва тунд буда, аз равғани эфир ва пайвасти фенолии гингерол иборат аст. Бехи хушки З.-ро дар саноати хӯрокворӣ истифода мебаранд. Он вобаста ба тарзи истеҳсол сафед (аз …

Муфассал »

ЗАРБЕХ

zarbekh

ЗАРБЕХ (Rhodiola gelida), зарчӯб, зарчой, гиёҳест бисёрсола. Аз 3 то 10 см қад мекашад. Решаи ғафс, пояи борик, барги дарозрӯя, гули зард (июн – июл мешукуфад), тухми нештаршакл (авг. – сент. пухта мерасад) дорад. Дар ҷойҳои сернам, тарқиши шахҳо, наздикии пиряхҳо мерӯяд. Дар кӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Помири Ғарбию Шарқӣ …

Муфассал »

ЗАРБИ ЭЛЕКТР

zarbi-elektr

ЗАРБИ ЭЛЕКТР, садамаи электр, зарар дидани организм аз ҷараёни электр. З. э. дар саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва рӯзгор дучор меояд. Ба он ҳодисаҳои табиат, мас., барқ низ метавонад мусоидат кунад. Дараҷаи зарар аз З. э. ба қувва, муқовамат, давомоти таъсири ҷараёни барқ ва хосиятҳои физикии он (ҷараёни доимӣ, тағйирёбанда) вобаста …

Муфассал »

ЗАРБУ ЛАТ

zarbu-lat

ЗАРБУ ЛАТ (Traumatismus), садама, осеб, латхӯрӣ, яке аз сабабҳои дар ҷаҳон маъмули корношоямии муваққатӣ ва устуворест, ки боиси фавти зиёди одамони синну солашон гуногун мегардад. З. л. ду хел мешавад: истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ. Сабаби З. л.-и истеҳсолӣ бештар вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ аст; он дар натиҷаи номукаммалии ихтисоси коргар, …

Муфассал »

ЗАРБУ ЛАТИ ҶУМҶУМА ВА МАҒЗИ САР

magzi-sar

ЗАРБУ ЛАТИ ҶУМҶУМА ВА МАҒЗИ САР, садамаи косахонаю мағзи сар, осеби косахона, мағзи сар ва пардаи он. З. ду хел мешавад: пӯшида (дар ин ҳол барои аз микробҳо сироят ёфтани майна ва пардаҳои он шароит нест) ва кушода (дар ин ҳол майна бисёр вақт бо микробҳо олоиш ёфта, бемориҳои сарсом, …

Муфассал »

ЗАРДАҶӯШ

zardachush

ЗАРДАҶӯШ (Pyrosis), ҳисси туршӣ ва сӯзишест, ки бештар дар қисми поёнии сурхрӯда дар натиҷаи ба он гузаштани шираи меъда ба вуҷуд меояд. Сабаби З. аз ҳад зиёд ангезиш ёфтани луобпардаи сурхрӯда, ихтилоли кори меъда ва ғ. мебошад. З. бештар ҳангоми барзиёдии туршии шираи меъда рӯй медиҳад, аммо дар аснои норасоӣ …

Муфассал »

ЗАРДИСПАНД

zardpisand

ЗАРДИСПАНД (Adonis turkestanicus), гули зардак, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш бисёр, рости камшохча. Баргҳои қисми поёни поя пулакчавии бӯрранг, баргҳои боло калони пармонанд; гулаш зарди баланд. Июн – июл гул карда, июл – авг. тухм мебандад. Дар алафзор, арчазорҳо, марғзор ва диг. ҷойҳо (дар баландии …

Муфассал »

ЗАРДОБ

zardob

ЗАРДОБ (Serum), моддаҳоеро гӯянд, ки барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ ё рафъи заҳролудӣ (аз заҳри микробҳо ё ҳайвонот) истифода мебаранд. Хосияти табобатӣ ва муҳофизатии З. ба таъсири пайвастҳои махсус – подтанҳо (ҷисмҳои зидд) вобаста аст; онҳо омилҳои бемориҳоро дарёфт намуда, безарар мегардонанд (ниг. Иммунитет). Подтанҳо дар натиҷаи ба организми …

Муфассал »

ЗАРДОЛУ

zardolu

ЗАРДОЛУ (Armeniaca vulgaris), дарахти меваи маъмул. То 15 м қад мекашад. Гулаш сафед ё гулобӣ. Мевааш гирда, дарозрӯя, сергӯшт, зард ё норанҷӣ. Дар Тоҷикистон бештар навъҳои Исфарак, Хурмоӣ, Тоҷибоӣ, Субҳонӣ, Қандак, Бобоӣ, Маҳтобӣ, Ҷавонӣ, Мирсанҷарӣ ва ғ. парвариш меёбанд. З. маҳсулоти хуби ғизоӣ ва парҳезӣ аст. Онро тару тоза ва …

Муфассал »