Главная / Илм / ЗАРДАҶӯШ

ЗАРДАҶӯШ

zardachushЗАРДАҶӯШ (Pyrosis), ҳисси туршӣ ва сӯзишест, ки бештар дар қисми поёнии сурхрӯда дар натиҷаи ба он гузаштани шираи меъда ба вуҷуд меояд. Сабаби З. аз ҳад зиёд ангезиш ёфтани луобпардаи сурхрӯда, ихтилоли кори меъда ва ғ. мебошад. З. бештар ҳангоми барзиёдии туршии шираи меъда рӯй медиҳад, аммо дар аснои норасоӣ ва ҳатто дар таркиби шираи меъда набудани кислотаи хлорид низ мушоҳида мешавад.
З. иллати алоҳида набуда, аломати бемориҳои меъдаю рӯда (решмарази меъда, гастрит ва ғ.), илтиҳоби талхадон, чураи диафрагма ва ғ. аст. Баъзан ба мизоҷи одам мувофиқат накардани ғизо ё ҳатто ҳомилагӣ низ сабаби З. мешавад.
Барои рафъи З. бемории асосиро табобат мекунанд. Истифодаи дуру дароз моддаҳои ишқорӣ (оби маъдании ишқорнок, сода ва ғ.) барои муолиҷаи З. зарар дорад. Ҳангоми пайдоиши З. аз тановули ғизои тезу тунд, турш (занҷабил, қаламфур, зира, мурч, оби лиму ва ғ.) бояд даст кашид, чунки онҳо боиси афзудани ихроҷи шираи меъда мегарданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …