Главная / Илм / ЗАРДОЛУ

ЗАРДОЛУ

zardoluЗАРДОЛУ (Armeniaca vulgaris), дарахти меваи маъмул. То 15 м қад мекашад. Гулаш сафед ё гулобӣ. Мевааш гирда, дарозрӯя, сергӯшт, зард ё норанҷӣ. Дар Тоҷикистон бештар навъҳои Исфарак, Хурмоӣ, Тоҷибоӣ, Субҳонӣ, Қандак, Бобоӣ, Маҳтобӣ, Ҷавонӣ, Мирсанҷарӣ ва ғ. парвариш меёбанд.
З. маҳсулоти хуби ғизоӣ ва парҳезӣ аст. Онро тару тоза ва хушконида истеъмол менамоянд, мураббо, компот ва шарбат тайёр мекунанд. Мағзи ширини З. дар саноати қаннодӣ, равғанаш дар истеҳсоли локу ранг истифода мешавад. Дар таркиби З. қанд (глюкоза, фруктоза, сахароза), сафеда, кислотаҳои органикӣ, клетчатка мавҷуданд. Ғӯлинги он ба миқдори зиёд витаминҳои В1, В2, В6, В15, С, Р, каротин (провитамини А), микроэлементҳо дорад.
Дар тибби қадим ғӯлинг барои рафъи бӯйи нохуши даҳон истифода мешуд. Табиати ғӯлинг сард ва тар аст, бинобар ин онро ба сифати давои исҳоловар тавсия медоданд. Ғӯраи З. хосияти бодронӣ дошта, барои одамони солхӯрда муфид аст.
Дар тибби халқӣ барг, мева, мағз ва шилми З.-ро истифода мебаранд. Меваи тару тозаи З. ва ғӯлинг барои одамони гирифтори иллати гурда, бахусус ашхоси заифу камхун нафъ дорад. Ҳангоми қабзияти музмин табибони халқӣ зардолуоб ё ғӯлингоб мефармоянд. Мағзи донаки З. чун воситаи киҷҷарон истифода мешавад. Бо барги тару тозаи З. дандонҳоро тоза мекунанд. Шилми З. ба илтиҳоб ва захми меъда, ҷароҳат, ҷойҳои кафидаи пӯст, сӯхтагӣ шифо мебахшад. Чиниён мағзи донаки З.-ро барои табобати бронхит, сулфакабутак, ларингит, ҳиккак ва чун воситаи балғамовар (бештар 20 – 30 г эмулсияи обакии онро) кор мефармоянд. Табибони халқии покистонӣ меваи З.-ро барои табобати камхунӣ, мағзи донакашро ҳангоми муолиҷаи бемориҳои кӯҳнаи дил истифода мекунанд. Ба ақидаи табибони қадим беҳтарин З. пӯсташ нафис, шодоб, ширин ва мулоими он аст, ки мағзи донакаш низ ширин бошад. З.-ро дар об ҷӯшонида ё хушкашро як шаборӯз дар об тар намуда, он обро бинӯшанд, дарунро мулоим мекунад, фишор ва ҷӯшиши баланди хун ва сафроро паст мегардонад, оруғро дафъ месозад. З. дар меъда зуд бадбӯ ва вайрон мешавад, оруғи турш пайдо менамояд; ба одамони хунукмизоҷ, касоне, ки баданашон бод дошта бошад, гирифторони иллати сакта, меъдаашон заиф ва пирон зарар дорад.
Аз болои З. оби хунук ё онро аз болои ғизои душворҳазм хӯрдан бағоят зарарнок аст. З.-ро ба дили наҳор хӯрдан низ бад аст. Агар онро бардавом бихӯранд, даруни рӯдаҳоро мехарошад.
Равғани мағзи талхи З.-ро ба қадри 4,5 г биёшоманд, кирми меъдаро кушта, ба воситаи исҳол дафъ мекунад, варамҳои мақъадро таҳлил медиҳад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад; онро бимоланд, бавосири зоҳирӣ ва ботиниро шифо мебахшад.
Миқдори як бор ошомидан аз равғани мағзи талхи З. дар як рӯз то 14 г аст. Агар барги З.-ро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, кирми меъдаро мерезонад, пешобро равон мекунад. Барги хушки онро кӯфта, бо оби хунук биёшоманд, исҳолро мебандад. Оби барги З.-и талхро бичаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.
Дар тибби муосир З. ба сифати маҳсулоти парҳезӣ ва сервитамин тавсия дода мешавад. Дар таркиби он миқдори калий зиёд аст, бинобар ин барои одамони гирифтори бемориҳои дилу раг нафъ дорад.
Ад.: Ҳикмати асрҳо (мураттибон Капранов В. А. ва Раҳим Ҳошим), Д., 1975; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …