Главная / Илм / ЗАНГИЛА

ЗАНГИЛА

zangilaЗАНГИЛА (Scorbutus), синга, скорбут, як навъ беморӣ; авитаминоз ё гиповитаминози С дар давраи возеҳ ба мушоҳида расидани падидаҳои болини (клиники)-и онҳо. Бинобар дар организм кам будан ё нарасидани кислотаи аскорбинат ташаккули унсурҳои гуногуни бофтаҳои пайвандӣ, аз ҷумла коллаген, халал ёфта, боиси суст шудани устуворӣ ва афзудани нуфузпазирии девораи рагҳо, хуншорӣ, ихтилоли сохтори тағояку устухонҳо, костани робита байни онҳо ва диафизу эпифизи устухонҳои найчашакл, дандону алвеолаҳои ҷоғ, заъфи фаъолияти мағзи устухон ва ғ. мегарданд. Зангила одатан, бо дигар намудҳои витаминкоҳӣ якҷоя ба вуҷуд меояд.
Аломатҳои аввалини З. баъди 4 – 12 ҳафтаи қатъ намудани истеъмоли витамини С ба назар мерасанд; ҳангоми ба организм кам ворид шудани витамини С бошад (гиповитаминози С), нишонаҳои З. баъди 4 – 6 моҳ фаро мерасанд. Беморон сусту беҳолат шуда, хоболудӣ, дарди мушакҳои соқи по, сарчархзанӣ ба вуҷуд меояд. Минбаъд аломатҳои махсуси З. аз худ дарак медиҳанд. Милки дандонҳо аввал сафед, баъд кабуд шуда, варам мекунанд, аз андак даст расондан хуншор мешаванд; канорҳои милк ғафс, исфанҷмонанд, кабуди арғувонӣ мегарданд (аз онҳо хун меравад).

Зангила

Беморонро дард (ҳангоми жовиш) ва бисёр хориҷ шудани оби даҳон азият медиҳад. Ҳангоми вазнин будани ҷараёни беморӣ дар милки дандонҳо яраҳо пайдо шуда, нафас бадбӯй мегардад, дандонҳо меафтанд. Пӯст хушкида, тобиши зарди ҷигарӣ пайдо мекунад; дар таҳти пӯсти пой хуншориҳо (аввал сурх, минбаъд кабуди арғувонӣ) рух менамоянд. Дар мавриди вазнин будани ҷараёни маризӣ дар конъюнктива, насҷи зери пӯст (сурин, пушти ронҳо, чуқураки зери зону), қабати мушакҳо (бештар мушакҳои соқи по), устухонпарда, бофтаҳои атрофи бандҳо низ хуншориҳои фаровон ба мушоҳида мерасанд; хуномосҳои сахту дардманд пайдо мешаванд. Бинобар дарди мушак бемор дуруст роҳ рафта наметавонад. Мумкин аст узвҳои дарун – меъда, рӯда, шуш, гурда, сифоқ, перикард, хонаи пеши чашм низ хуншор гарданд; маводи қай ва пешоб омехта бо хун меояд.
Шаклҳои вазнин ва оризаноки З.-ро дар беморхона муолиҷа мекунанд. Бештар хӯроки серғизо (дорои витамини С), кислотаи аскорбинат, доруҳои витаминӣ таъин карда мешавад. Фарҷоми бемории сабук хуб аст. Дар мавриди бемории оризанок мариз мумкин нобино шавад ё дуруст ҳаракат карда натавонад. Беҳтарин роҳи пешгирии З. истеъмоли меваю сабзавот аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …