Главная / Илм / ЗАРБУ ЛАТ

ЗАРБУ ЛАТ

zarbu-latЗАРБУ ЛАТ (Traumatismus), садама, осеб, латхӯрӣ, яке аз сабабҳои дар ҷаҳон маъмули корношоямии муваққатӣ ва устуворест, ки боиси фавти зиёди одамони синну солашон гуногун мегардад. З. л. ду хел мешавад: истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ. Сабаби З. л.-и истеҳсолӣ бештар вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ аст; он дар натиҷаи номукаммалии ихтисоси коргар, нодуруст ба роҳ мондани ҷараёни меҳнат, ғайри қаноатбахш будани ҷои кор, асбобу анҷом ва ғ. низ рӯй дода метавонад. Аз ин сабаб яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ ва кам кардани З. л.-и истеҳсолӣ ташкили бехатарии меҳнат, ба роҳ мондани кори ҳаматарафаи маорифи санитарӣ, назорати қатъии риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва ғ. мебошад (ниг. Муҳофизати меҳнат). Чораҳои асосии бехатариро дар истеҳсолот маъмурияти муассисаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ якҷоя бо комитетҳои иттифоқи касаба ба амал мебароранд. Дар муассисаҳои илмии санитарию гигиенӣ ва травматологию ортопедӣ сабабҳои З. л.-и истеҳсолӣ омӯхта шуда, қоидаҳои нави техникаи бехатарӣ, ки ба дараҷаи таҷҳизоти техникии саноат мувофиқат мекунанд, усулҳои нави мубориза бо зарарҳои саноатӣ ва ғ. тадқиқ карда мешаванд. Дар пешгирии З. л.-и истеҳсолӣ мавқеи пункти тиббӣ ва шӯъбаи тиббию санитарии муассисаҳои саноатӣ, муассисаҳои тиббии деҳот хеле муҳим аст.
Аксари З. л.-ҳо берун аз истеҳсолот рӯй медиҳанд. Ба ин пеш аз ҳама З. л.-и роҳу нақлиёт мансуб аст. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон афзудани чунин шакли З. ба мушоҳида мерасад (ба зиёд шудани шумораи автомобил, вусъат ёфтани иқтидор ва суръати он вобастагӣ дорад). Ин гуна латхӯрӣ нисбат ба дигар осебҳо хеле вазнинтар аст. Аз тарафи ронандагон ва пиёдагардон риоя накардани қоидаҳои ҳаракати нақлиёт, носозии техникии воситаҳои нақлиёт ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад; махсусан дар шароити номусоидии роҳ (яхбандӣ) З. л хеле меафзояд. Аксари ҳодисаҳои нохуш бо айби пиёдагардон рӯй медиҳад. Бештар ин ҳодисаҳои нохуши роҳ бинобар истеъмоли машруботи спиртӣ руй медиҳанд (ниг. Майзадагӣ). Ҳодисаҳои нохуши нақлиёти ҳавоӣ аз нақлиёти автомобилӣ камтар аст, вале осеби он хеле вазнин мебошад. З. л.-и кӯча (новобаста ба нақлиёт) асосан ҳангоми дар роҳи пиёдагарди лағжонак афтидан рӯй медиҳад. Аз он бештар одамони солхӯрда осеб мебинанд. Бенуқсон нигоҳ доштани роҳҳои пиёдагард, рег пошидан, сари вақт аз ях тоза кардан ва диг. тадбирҳо одамонро аз З. л. эмин медорад.
З. л.-и бачагон асосан ба синну сол, инкишофи рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, таҷрибаи ками зиндагӣ, кунҷковии зиёд, бозӣ ва ғ. вобаста аст. Барои пешгирии З. л.-и кӯдакон дар муассисаҳои бачагона ва хона тарзи дурусти зистро ба роҳ монда, аз бача бохабар будан зарур мебошад. Аксари З. л.-ҳои хонагӣ аз бетартиб нигоҳ доштани асбобҳои рӯзгор, эҳтиёт накардани моддаҳои сӯзандаю тарканда ва диг. сабабҳо рӯй медиҳад. Ғайр аз сабабҳои зикрёфта риоя накардани интизоми роҳ ва надонистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ боиси З. л.-и бачагон дар роҳҳои мошингард ва кӯча мегардад. Бачагон метавонанд дар майдончаҳои носоз ва ҳангоми машғулиятҳои спортӣ лат хӯранд (чунин ҳолатҳо, одатан, дар мавридҳое рӯй медиҳанд, ки машғулият хеле бад ба роҳ монда шуда, бе назорат мегузарад).
Дар аснои З. л. бояд ба осебёфта ёрии аввалин, табобати амбулаторӣ ва ё статсионарӣ расонда шавад. Аксар ёрии дуруст ва саривақтии ҳамдигарӣ ба табобати минбаъда мусоидат мекунад. Осебдидаро, алалхусус дар деҳот, ба дармонгоҳ бисёр вақт бо мошини худӣ мебаранд. Бинобар ин ҳар кас бояд аз ӯҳдаи бастани бандина, тофтани хунбанд, ноҷунбонсозии дасту пойҳои шикаста, додани нафаси сунъӣ баромада тавонад. Тарғиботи васеъи тиббӣ ба аҳолӣ ва омӯзондани усулҳои ёрии аввалини тиббӣ ба коркунони милитсия, БДА, ронандагон, мураббиён, ва муаллимон хеле зарур аст.
Дар ҳама сехҳои корхонаҳои саноатӣ постҳои санитарӣ ташкил дода, онҳоро бо воситаҳои зарурии ёрии аввалин таъмин мекунанд. Дар аксар мавридҳо ба ҳар як коргар доруқуттии шахсӣ низ дода мешавад.
Усул ва роҳҳои ба муассисаҳои тиббӣ ҳар чӣ зудтар расонидани осебдида такмил меёбанд (бо ин мақсад ҳатто аз чархбол истифода мебаранд). Дар байни бригадаҳои ёрии таъҷилӣ гурӯҳҳои махсусе мавҷуданд, ки аз духтур-травматолог иборатанд. Агар дар беморхона табобат кардан зарур бошад, осебдидаро ба беморхонаи махсуси травматологӣ ва ё ҷарроҳӣ мебаранд.
Ад.: Калнин Я.Я., Предупреждение сельскохозяйственного травматизма, Л., 1985; Пащук А.Ю., Быстрицкий М.И., Первая медицинская помощь при автодорожных травмах, М., 1986.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …