Главная / Илм / ЗАРБУ ЛАТИ ҶУМҶУМА ВА МАҒЗИ САР

ЗАРБУ ЛАТИ ҶУМҶУМА ВА МАҒЗИ САР

magzi-sarЗАРБУ ЛАТИ ҶУМҶУМА ВА МАҒЗИ САР, садамаи косахонаю мағзи сар, осеби косахона, мағзи сар ва пардаи он. З. ду хел мешавад: пӯшида (дар ин ҳол барои аз микробҳо сироят ёфтани майна ва пардаҳои он шароит нест) ва кушода (дар ин ҳол майна бисёр вақт бо микробҳо олоиш ёфта, бемориҳои сарсом, думбал ё энсефалит рух менамоянд). Зарбу латҳои пӯшида ҳамон иллатҳои ҷумҷумаю майнаанд, ки дар мавриди онҳо пӯсти сар осеб надидааст ё бофтаҳои мулоими косахонаи сар бидуни шикасти устухон иллат ёфтаанд. Барои З.-и кушода якбора осеб дидани ҳам бофтаҳои мулоим ва ҳам устухони косахонаи сар хос аст. Агар дар ин ҳол бутунии пардаи сахти майна дарида бошад, онро зарбу лати нофиз меноманд. Дар мавриди З.-и нофиз хавфи сирояти мағзи сар хеле калон аст.
Осебҳои ҷумҷума метавонанд дар шакли кафидагӣ, шикастагии сӯрохдор ва фурӯхамида, шикастани устухонҳои буни ҷумҷума бо кушода шудани ҷавфҳои иловагии гӯшу бинӣ рӯй диҳанд. Яке аз нишонаҳои шикастани буни ҷумҷума аз бинию гӯш баромадани хун ва моеъи ҳароммағз, дар атрофи чашмҳо чун айнак хоб рафтани хун мебошад. Ҳангоми чӣ дар шакли пӯшида ва чӣ дар шакли кушода будани З. имкон дорад, ки се навъи осеби майна – зарб хӯрдан, лат хӯрдан ва фишурда шудан (дар алоҳидагӣ ё муштарак) рӯй диҳад.
Зарб хӯрдани майнаи сар асосан баъди осеби пӯшидаи ҷумҷумию майна зоҳир мешавад. Аз зарб тамоми мағзи сар ба дард медарояд; аз ин шакли осеб яклухтии майна зарар намебинад, вале робитаи байни ҳуҷайраҳои майна ва шӯъбаҳои гуногуни он муваққатан гум мешавад. Ин гуна ҷудоӣ боиси халал ёфтани кори майна мегардад.
Аз зарб хӯрдани майна одам, одатан, беҳуш мешавад (он вобаста ба шиддати зарб аз чанд сония то чанд соат давом мекунад). Баъди ба ҳуш омадан, сар ба дард меояд, дилбеҳузурӣ ва баъзан қай рӯй медиҳад, бемор ҳолати то зарбу лат ёфтан ва айни зарбу лат хӯрданро дар ёд надорад (фаромӯшии ретроградӣ). Сурх ё сафед шудани рӯй, тез шудани набз, сустӣ, серарақӣ зуҳур мекунад. Ҳамаи ин нишонаҳо, одатан, баъди 1 – 2 ҳафта гум мешаванд. Вале ин чунин маъно надорад, ки зарб хӯрдани майна барои бемор бенуқс мегузарад. Баъзе беморон (хусусан онҳое, ки низоми таъиншудаи оромии қатъиро вайрон кардаанд) хеле вақт сустии тамоми аъзои бадан, дарди сар, ноустувории кори системаи рагҳо, пурэҳсосӣ, белаёқатиро ҳис хоҳанд кард.
Дурудароз (зиёда аз 1 – 2 соат) беҳуш будан нишонаи он аст, ки майнаи сар озор ёфтааст ё фишурда шудааст. Вале чандон дер давом накардани беҳушӣ низ маънои беозорӣ ё таъзиқ надидани майнаро надорад. Ин ҳолат ҳамон вақт рӯй медиҳад, ки ҳангоми озор ёфтан, раги хунгузари парда ё моддаи майна гусаста, дар зери ҷумҷума хуномос ҳосил шудааст ва он тадриҷан калон шуда, баъди чанд вақт майнаро мефишорад.
Лат ёфтани мағзи сар гуфта ҳамагуна осеби ҷузъии моддаи майнаро меноманд. Он аз иллати андаке, ки дар қисми осебёфтаи майна фақат хунрезӣ ва варами хурд ба вуҷуд овардааст, то осеби аз ҳама вазнинро, ки бофтаи мағзи сар ҷудо ё дарҳам кашида шудааст, дарбар мегирад. Аз ҳама бештар сабаби озор ёфтани майна зарбу лати кушода, хусусан зарбу лати нофиз мебошад. Лат хӯрдани мағзи сар ба монанди зарб хӯрдани он бо зуд аз ҳуш рафтан, ки аз чанд соат то чанд рӯзу ҳафта тӯл мекашад, зоҳир мегардад. Нишонаҳои осеби ҷузъии майна бе низом шудани ҳаракат (фалаҷӣ), ихтилоли нутқ (ҳангоми озори нимкураи чапи миёна) ва ғ. мебошанд. Дар ҳолатҳои вазнин халал ёфтани нафасгирӣ ва кори дил низ мумкин аст. Ҳангоми сабук лат ёфтан бенизомии ҳаракат, ҳис ва диг. иллатҳо дар 2 – 3 ҳафта тамоман бартараф мешаванд. Баъди лати вазнин бошад, осори устувор – фалаҷи ҷузъию умумӣ, ихтилоли ҳиссиёт ва нутқ, хурӯҷҳои бемории саръ боқӣ мемонанд.
Фушурда шудани мағзи сар дар натиҷаи рехтани хуни дохили ҷумҷума, фишор овардани устухони шикаста, варами майна сурат мегирад. Одатан, ҳангоми тазйиқ ёфта шикастани устухон, дар баробари фишурда гаштан, майна лат низ мехӯрад; дар натиҷаи осеби ҷузъии бофтаи майна варами он низ авҷ мегирад. Бинобар ин дар ҳар ду ҳолат шиддати З. зуд ошкор мешавад. Вақти аз хуномос фишурда шудани майна кор ранги дигар мегирад: кафидани раги хун, хусусан дар пардаи мағзи сар, бидуни осеби бофтаи майна рух намуда, фақат боиси каме лат хӯрдани мағзи сар мегардад. Дар ин ҳолат баъди беҳушии кӯтоҳмуддат андаке беҳбудӣ рух медиҳад, ки хоси латхӯрии сабуки майна буда, чанд соат (ҳатто шаборӯз) давом мекунад. Нишонаҳои аввалини фишурда гаштани майна аз саялони хун афзудани дарди сар, безобитагӣ ё, баръакс, хоболудӣ аст. Баъд беҳушӣ фаро мерасад, нафаскашию кори дил аз низом баромада, мумкин бо марг анҷомад.
З.-ро фақат дар шароити беморхона табобат мекунанд. Дар аксар мавридҳо, хусусан ҳангоми фишурда шудани майна, фавран ҷарроҳӣ кардан зарур аст. Агар майна сахт осеб надида бошад, он гоҳ беморро бидуни ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Шахси майнааш зарбхӯрда бояд низоми қатъии бистариро риоя намояд.
Осебдидаро ҳар чи зудтар ба беморхона мебаранд. Ҳатто дар ҳолати беҳушии кӯтоҳмуддат (аз сабаби озор ёфтани майна) низ беморро бо занбар бурдан ҳатмист. Ёрии аввалин дар ҷои воқеа: дар аснои зарбу лати кушодаи косахонаю мағзи сар ҷои захмро бо захмбанди тоза бастан зарур аст; ҳангоми аз бинӣ ва гӯш омадани хун, ба он ҷойҳо пахта ё дока гузоштан ҷоиз нест (то ки захм сироят наёбад). Вақти қатъ гардидани кори дил ва нафасгирӣ оддитарин воситаҳои зиндагардонии организм – масҳи дил ва нафасдиҳии сунъӣ (бо роҳи даҳон ба даҳон ё даҳон ба бинӣ)-ро татбиқ мекунанд. Воситаҳои дастии нафасдиҳии сунъӣ хавфнок аст, чунки оромии беморро халалдор ва хуншориро дар дохили ҷумҷума зиёд менамояд.
Барои пешгирии З. дар қатори чораҳои умумӣ истифодаи тоскулоҳ аҳамияти калон дорад (бо он дар сохтмон, корҳои зеризаминӣ, ҳангоми рондани мототсикл, бозии хоккей ва ғ. сарро муҳофизат мекунанд).
Ад.: Киселев В.П., Козырев В.А., Черепно-мозговая травма у детей, М., 1971; Лебедев В.В., Горенштейн Д.Я., Лечение и его организация при черепно-мозговой травме, М., 1977; Дубров Я.Г., Амбулаторная травматология, М., 1986.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …