Главная / Илм / ЗАРБЕХ

ЗАРБЕХ

zarbekhЗАРБЕХ (Rhodiola gelida), зарчӯб, зарчой, гиёҳест бисёрсола. Аз 3 то 10 см қад мекашад. Решаи ғафс, пояи борик, барги дарозрӯя, гули зард (июн – июл мешукуфад), тухми нештаршакл (авг. – сент. пухта мерасад) дорад. Дар ҷойҳои сернам, тарқиши шахҳо, наздикии пиряхҳо мерӯяд. Дар кӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Помири Ғарбию Шарқӣ ва Олой вомехӯрад. Бо мақсади давоӣ асосан решаи онро кор мефармоянд. Таҷрибаҳо дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ ҶТ нишон доданд, ки қиёми решаи З. (2 мл/кг) миқдори қанд ва оксигенро дар хуни калламушҳо кам кардааст. Зиёд намудани вояи он ҷонваронро нисбати таъсироти ҷисмонӣ пурбардошт ва лахтабандии хунро мӯътадил гардонд.
Дар ҷумҳурӣ З. хусусан баъди ошкор шудани хосиятҳои давоии «золотой корень» (Rhodiola rosea) чун гиёҳи шифобахш шӯҳрат ёфт. Бинобар ин решаи онро аз ҳад зиёд кофта гирифтанд. Дар натиҷа З. дар бисёр мавзеъҳое, ки қаблан месабзид, ба ҳадди нестӣ расидааст. Нақеъ, ҷӯшоб ва чойи решаи З.-ро чун воситаи қувватбахш ва табшикан, инчунин ҳангоми бемориҳои асабу меъда, ширинча, хунравии бачадон истифода мебаранд. Чойи решаи он хастагиро рафъ менамояд. Сокинони ноҳ. Ванҷ бо решаи З. захми меъда ва бемориҳои занонаро дармон мебахшанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …