Главная / Илм / ЗАНҶАБИЛ

ЗАНҶАБИЛ

zanchabilЗАНҶАБИЛ (Zingiber offisinale), гармдору, растаниест бисёрсола. Баландиаш то 1 м; решапояи сергӯшт, барги нештаршакл, гули бунафштоби зард, хӯшагули саракмонанд дорад. Бехи З. хушбӯй ва тунд буда, аз равғани эфир ва пайвасти фенолии гингерол иборат аст. Бехи хушки З.-ро дар саноати хӯрокворӣ истифода мебаранд. Он вобаста ба тарзи истеҳсол сафед (аз пӯст тоза карда дар офтоб хушконда шудааст) ва сиёҳ (бо пӯсташ ҷӯшонда мехушконанд) мешавад. З.-ро Абӯалии Сино дар табобати нуқси чашм ва аъзои ҳозима кор мефармуд.
Ба ақидаи табибони халқӣ истеъмоли З. нерӯи ҳофиза ва узвҳои ҳозимаро афзун мегардонад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, бодҳои ғализи меъда ва рӯдаҳоро таҳлил медиҳад, зардпарвин ва чакмезакро, ки аз сустии олатҳои пешоб ҳодис шуда бошанд, шифо мебахшад. З. исҳолеро, ки аз вайрон шудани ғизо ба амал омада бошад, манъ менамояд, заҳрҳои ҳайвониро аз бадан дафъ мекунад, ташнагиро таскин медиҳад. З.-ро бо зардаи тухми мурғи нимдунбул ҳамроҳ карда бихӯранд, маниро зиёд мегардонад ва ғафсии онро ислоҳ менамояд.
З.-и хушкро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба он афтодаро дафъ мекунад, кӯфта гузошта банданд, узвҳоро қавӣ мегардонад, кузоз ва бавосирро шифо мебахшад. Вале истеъмоли З. ба ҳалқ зарар дорад (дар ин ҳолат асал ва равғани бодоми ширин бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд). Миқдори як бор хӯрдан аз З. рӯзе то 7 г аст.
Дар баъзе маҳалҳо қаламфурро низ «З.» меноманд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …