Главная / Илм / ЗАРДИСПАНД

ЗАРДИСПАНД

zardpisandЗАРДИСПАНД (Adonis turkestanicus), гули зардак, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш бисёр, рости камшохча. Баргҳои қисми поёни поя пулакчавии бӯрранг, баргҳои боло калони пармонанд; гулаш зарди баланд. Июн – июл гул карда, июл – авг. тухм мебандад. Дар алафзор, арчазорҳо, марғзор ва диг. ҷойҳо (дар баландии 2000 – 3200 м аз с. б.) мерӯяд. Бо мақсади давоӣ онро дар давраи гулшукуфт меғундоранд. З.-ро баъди аз гул фаромадан низ метавон ҷамъоварӣ кард, вале хусусияти шифоии шоху навдаҳои гулдори он бештар аст. Пас аз рехтани самар миқдори моддаҳои фаъоли биологии растанӣ кам мешавад. Буттаҳои калони З. даҳҳо сол умр доранд. З.-ро дар ҷои шамолрас мехушконанд. Онро то 2 сол нигоҳ доштан мумкин аст.
З. қадимтарин растании доруист. Дар тибби халқӣ аз З. чой дам карда ҳангоми илтиҳоби гурда, обхӯра, вараҷа, табларза, рагкашӣ, заъфи дил, ғалаёни хун ва варами по рӯзе 3 – 4 маротиба якпиёлагӣ менӯшанд. Чун доруи хобовар, таскинбахш, зардарону шошарон низ истифода мешавад. Маҳлул ва қиёми алафи З.-ро барои тақвияти кори дил тавсия медиҳанд. З. яке аз давоҳои муҳимми дил маҳсуб мешавад. Нақеъи онро рӯзе 3 – 4 маротиба якчумчагӣ (баъди хӯрок) тавсия медиҳанд. Доруи «Адонизид», ки аз З. таҳия мешавад, барои истеъмол кардан (15 – 20 чакрагӣ рӯзе 2 – 3 маротиба) ё фиристодан ба вена пешбинӣ шудааст. Қиёми хушки З. ба таркиби қурсҳои Бехтерев ва Адонис-бром дохил мешавад; онро рӯзе 2 маротиба якқурсӣ таъин мекунанд.
Ад.: Қобилов Н.М., Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1962; Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …