Главная / Гуногун / САДҲОИ НОУСТУВОР

САДҲОИ НОУСТУВОР

Кўҳ ба кўҳ намерасаду одам ба одам мерасад, гуфтаанд. Ман бо шиносам Тоҳир Баротов баъди панҷ сол тасодуфан вохўрдем. Кош вонамехўрдам. Воқеа ин тавр шуд:

…Дар яке аз рўзҳои баҳор, ба заводи таъмири механикӣ омадам. Ҳанўз аз дур дидам, ки дарвоза калон кушода аст. Ростӣ, каме ҳайрон шудам. Охир дар дарун анбори масолеҳ, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар молҳо буд. Аз дари боз ба дарун даромадам. Касе напурсид, ки ту кистӣ ва ба куҷо равонаӣ?

Назди анбор бо Тоҳир рў ба рў шудам. Вай ба саволҳоям кўтаҳ ва берақбат ҷавоб медод.

xonaАз сиҳатӣ ва кору бораш пурсон шудам.

– Маошат чанд сўм?

– Яксаду даҳ, – гуфт.

– О ту дар заводи мо яксаду ҳаштод сўм мегирифтӣ-ку.

Ў хандид.

– Содда! Зиндагӣ бе пул маънӣ надорад.

– Пас барои чӣ 180 сўмро ба 110 сўм иваз  кардӣ?

– Инҷо мақзу чақз ҳаст.

Ана гап дар куҷо. Меҳри пули ҳаром ўро ба ин ҷо оварда будааст. Ман Тоҳирро насиҳат кардам, қуломи нафс нашав гуфтам. Вале гўё ба девор гуфта бошам. Ў дандонҳои тиллояшро намоиш дода, бо заҳрханд гуфт:

– Хуб содда будаӣ. Дунё ба кӣ вафо карда буд?

Қисса кўтоҳ дидам, ки суханони ман ба ў асар надоранд, дар дил афсўс хўрдам.

Ва инак, ман худ ба худ меандешидам: наход ҳамин қадар сол ба даст наафтода бошад. Бо тақозои кору вазифа бо чанд каси дигар вохўрдам, ки мисли Тоҳир дар  андешаи қалат буданд.

Рафтори онҳо маро ба андешаҳои тўлонӣ водор кард. Баъзеҳо дуздӣ мекунанд, баъзеи дигар пули ҳалоли худро бо ду дасти адаб ба ҳаромхўрон медиҳанд.

Ин ҳама ба хаёлам аз бепарвоӣ ва бепринсипӣ сар мезанад. Масалан, мудири магазини рақами ёздаҳуми Ҷамъияти матлуботи посёлкаи Варзоб Н. Ҷобиров 8559 сўму 84 тини давлатро аз худ кард ва ба мақсади рўпўш кардани ҷиноят бо мудири магазини рақами чорўми ҳамин ҷамъияти матлубот Х. Кассиров забон як кард: аз ў молҳои беҳуҷҷат қабул кард. Пас аз ин Ҷобиров бо роҳи қалат ва нияти азхуд кардани пули савдо ва мол боз 8064 сўму 56 тинро дуздид. Бо мақсади рўпўш кардани дуздиаш бо Кассиров гапро пазонда, магазинро оташ заданд ва 61 778 сўму 23 тини давлатро ба бод доданд. Санҷиши ҳуҷҷатҳои ин кори ҷиноятӣ возеҳ нишон медиҳанд, ки бемасъулиятӣ, чўрабозӣ ба пинҳон кардани ин ҷиноят мусоидат кардааст ва бадтинатонро ба ҷинояти нав, ба дақалона вайрон кардани қонун ҳавасманд гардонидааст. Чун бо номаи аъмоли онҳо ошно шудем, маълум гашт, ки Кассиров ва Чобиров умуман ҳуқуқи мудири магазин шудан надоштаанд, зеро маълумоти соҳаи савдоро надоранд. Ин ҳам ба назари мо нишонаи беэътиноии шахсони ҷудогона аст.  Агар роҳбарони ҷамъияти матлубот дар кори интихоби кадрҳо дуруст рафтор мекарданд, чунин бандаҳои нафс дар соҳаи савдо – хизмати маданӣ ба мардум роҳ намеёфтанд.

Органҳои дахлдор соли 1986 дар корхонаҳои гуногуни Душанбе садҳо одамонро дар сари дуздӣ дастгир карда, бештар аз 50 ҳазор сўмина маҳсулоти дуздиро ба фоидаи давлат гузарониданд.

Тааҷҷуби мо аз он аст, ки бисёриҳо ин бадрафторонро мебинанд, вале худро ба нодидагӣ мезананд. «Ин кори ман нест», –  мегўянд. Ронандаи мошинаи борбардори фабрикаи «Ширин» В. А. Шестаковро дар баромадгоҳи корхона бо моли дуздӣ доштанд. Баъд чӣ? Бо қарори суди рафиқона аз ў 10 сўм ҷарима ситонданду халос. Баъди ду моҳ ў боз ба маблақи 11 сўмина қаҳваю шир дуздида бароварданӣ шуд. Ин дафъа корҳо ба суди халқӣ расид. Суд қарор кард, ки муддати як сол ҳар моҳ аз ҳисоби маошаш бист фоиз нигоҳ дошта шавад. Ҳамин гуна қарор дар ҳаққӣ коргари дигари ин корхона Л. Алиева бароварда шудааст.

Агар одамон медонистанд, ки ҳамкоронашон гуноҳи дуздии онҳоро намебахшанд, боварӣ дорам ба ин даст намезаданд.

Ба назарам ба мушкилоти зиндагӣ холисона назар бикунем, беҳтар аст. Гоҳо шароит касро маҷбур месозад, ки аз хизмати корчаллонҳо истифода барад. Ба манфиати худ истифода бурдани нақлиёти давлатиро мисол мегирем. Мо баъзан барои он пеши роҳи мошинаҳои шахсӣ ва даргузарро мегирем, ки он барои мо қулай ва камташвиш аст: навбат истода, таксиро мунтазир шудан ва ё андешаи он ки як халта сементро ба саробўстон чӣ тавр барем, лозим нест.

Дар шаҳри мо – Душанбе ҳанўз идорае нест, ки мисли прокат ҳар гоҳ лозим шавад, ягон хели нақлиётро бигиред. Масалан, рўзи  дафн ё ягон маъракаи дигар ба шумо мошин лозим шуд, онро аз куҷо меёбед? Ночор ё  мошинаи давлатиро истифода мебаред ва ё ба корчаллонҳо муроҷиат мекунед. Дигар чӣ илоҷ?

Илоҷ ҳаст: идораи дахлдори ягонаи давлатие зарур аст, ки талаботи афзояндаи сокинони шаҳрро қонеъ гардонад.

Ё худ мушкилоти дигареро бубинем. Дар шаҳр на як бору дубор аз ину он шунидаем, ки чархи мошинаи сабукравро аз қароргоҳи назди хонаҳо дуздидаанд. Дуздҳоро сафед кардан нашояд, лекин ин кори ношоями онҳо сабаб дорад: агар ҳамаи хоҳишмандон имконияти харидани қисмҳои эҳтиёии мошинро медоштанд, онҳо ба дуздӣ даст намезаданд ва ба харидани қисмҳои дуздӣ аз дасти ину он зарурат намемонд. Вале азбаски аз магазинҳо қисмҳои заруриро пайдо кардан мушкил аст, дар корхонаи хизмати техники нақлиёт ҳам, аз онҳо танқисӣ мекашанд, баъзеҳо ба ин роҳ мераванд. Аксари  соҳибони мошин, аксар мошинаҳои шахсӣ пеши челонгарону таъмирчиён сарпарастанд.

Мушкилоти дигаре, ки имрўзҳо бисёриҳоро ба ташвиш овардааст, сохтану обод кардани саробўстонҳои беруназшаҳрӣ аст. Ёфтани масолеҳи бинокорӣ чандон осон нест. Модоме, ки ёфт намешавад, баъзеҳо аз дуздӣ даст мезананд ё аз моли дуздӣ мехаранд. Агар ба таъбирҳои соҳаи корхонаҳо гўем, ки ҳама такмил додани механизми хоҷагидориро  тақозо дорад. Вале алҳол чӣ бояд кард?

Даст болои даст гузошта, нигоҳ карда шинем, ки кай мехинизмро «такмил» медиҳанд?». Не, албатта. Воқеан, магар сабаби ҳамаи мушкилот дар ҳамин аст?  Мисоли моҳиятан андаке дигарро меорам. Коргарони комбинати гўшт аксаран пинҳонӣ ба хона гўшт мебаранд. Чӣ, магар гўшт ҳам дар магазин нест? Ҳаст. Вале бо вуҷуди ин дуздӣ мекунанд-ку. Дар ин ҷо чи гунна механизмро бояд такмил дод? Ба назари мо муҳимаш такмили худи одам аст. Гирифтани  пеши роҳи бад. Кӣ бояд ин корро бикунад? Ҳамаи мо, ҳар як фарди ҷамъияти мо. Ва пеш аз ҳама онҳое, ки дар паҳлуи ин чашмгушнаҳо  зиндагӣ ва кор мекунанд. Муҳите сохтан лозим, ки ба чунин рафторҳо оштинопазир бошад, одамон ба ҳаромхўрону фиребгарон ва дуздон бо ҳисси нафрат нигаранд, он монеаҳоеро, ки ин одамонро аз роҳи бад ва ҷиноят боз медоранд, бештар бикунанд. Масалан, як гурўҳи депутатҳо, ки ман ҳам узви онҳо ҳастам, ба муқобили «чойпулӣ» муборизаи беамон эълон карданд. Ин «чойпулӣ» ҳамон аст, ки ба туфайли онҳо баъзе одамҳои ҳаромхўр ҳар сол ба курорт мерафтанд, мошин мехариданд, бўстонсаро месохтанд. Мо як-ду бор рейд гузаронида,  гунаҳкоронро фош намудем, роҳи ислоҳашро ба онҳо фаҳмондем.

Боре ҷумаки обрави ошхонаамон шикаст. Усторо даъват кардем, онро таъмир кардан   нахост. Дар магазинҳо бошад, асбоби барои мо лозима пайдо нашуд. Воқеан, наваш чӣ лозим, модоме ки кўҳнаро таъмир кардан мумкин бошад? Лозим омад, ки ба ҷои кор бурда соз кунам. Ман ҳам гўё чизеро «ба хона кашондам»: қувваи электрро, вақти кориро. Шояд баъзеҳо ҳамин ҳам гап шуд гўянд. Не, кирои ташвиш ҳаст. Ман метавонистам  баъди кор пулашро дода, таъмир бикунам. Дар заводи «Шкода»-и Чехословакия коргар метавонад мошини худро таъмир кунад. Як миқдор пулро ба ҳисоби завод мегузаронду аз  таҷҳизот ва асбобҳои махсус истифода мебарад. Вақти кор чунон интихоб карда мешавад, ки таҷҳизот дар он соат озод бошад, яъне ба кори давлат халал нарасад. Дар баъзе аз корхонаҳои мо аз чунин усулҳо  истифода кардан ба нафъи давлат ва корхонаву коргарон хоҳад буд.

Дар шаҳрҳои дигар салонҳои «Худат бисоз» кушода шудааст. Чаро дар шаҳри мо ин гуна салонҳо нестанд? Албатта, барои ин давуқеҷ лозим: бино ёфтан, таҷҳизот шинондан даркор. Лекин як роҳи дигар ҳам ҳаст, бевосита дар корхонаҳо, дар он ҷое, ки ҳама чиз ҳаст. Ба воситаи бухгалтерия фурўхтани талони хизмати мошинро мисол гирем. Пули муқарраршударо супору дар участкаи махсус  ҷудокардашуда аз асбобу таҷҳизот ва маҳсулоти зарурӣ истифода кардан гир. Худат натавонӣ, рафиқонатро ба ёрӣ даъват  кун. Дар ин кор ягон хел штату нозирони  дигаре лозим нест.

Ё ин ки ба як рафиқат дар бўстонсарояш мурват даркор шуд. Дар магазин онро  намефурўшанд, дар салони хизмати маишӣ онро соз намекунанд. Вале он хел мурват дар қуттии оҳанпораи корхонаҳо кўҳ-кўҳ хоб аст. Барои онро хона бурдан қонун иҷозат  намедиҳад. Дуздҳо бошанд, дар назди магазин мурватҳои нав мефурўшанд. Дар як кунҷ мебинӣ ки пораи қубур, дар гўшаи дигар  дигар чиз истодааст. Бисёр мешавад, ки қубурпораҳоро ба мошин ва вагонҳои роҳи оҳан бор карда ба ким-куҷоҳо бурда аз нав мегудозанд ва боз бо мошину вагонҳо бор карда меоранд. Бубинед барои давлат чӣ қадар гарон меафтад? Беҳтар нест, ки ба одамон иҷозат диҳем, ки онҳоро бихаранд?

Дар ҳуҷҷатҳои Съезди XXVII КПСС гуфта шудааст, ки ба корхонаҳо ва ташкилотҳо  ҳуқуқ дода шавад, маҳсулот, ашёи хом, масолеҳ ва таҷҳизоти аз план зиёдро фурўшанд.

Мутаассифона, бисёр роҳбарони   корхонаҳо ба ин кори муҳим диқкат намедиҳанд. Ҳол он ки маҳз ба тавассути беҳтар кардани хизматрасонии меҳнаткашон ва пурзўр намудани кори тарбиявӣ аз дузду  ҳаромхўрҳо халос шудан мумкин аст.

Ба қарибӣ ҳисси кунҷковиам маро боз ба суроқи Тоҳир бурд.

– Бемор аст, – ҷавоб дод ба пурсишам марди шофбуруте.

– Хока, – гуфт дигаре. – Дар дачааш. Сезон-дия. Кор мекунад.

– Кор? Не-е! О, духтурҳо варақаи беморӣ  додаанд-ку.

– Албатта, медиҳанд. Пул бошад варақа  худаш омадан мегирад.

Ба саробўстони Тоҳир рафтам. Гуфтанд, ки ба бозор рафтааст.

– Бачаи чақон аст, – гуфт ҳамсояаш нафақахўр Соҳиб Исломов. – Аз об қаймоқ мерўёнад, лекин дар деҳа падару модари пираш ба роҳи ў чоранд. Боре ҳам аз ҳоли онҳо хабар намегирад. Талвосаи пулу мол беқарораш кардааст. Пули муфт ақлу ҳуш ва виҷдони одамро медуздидааст.

12 апрели соли 1987

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …