Главная / Илм / ЗАРБИ ЭЛЕКТР

ЗАРБИ ЭЛЕКТР

zarbi-elektrЗАРБИ ЭЛЕКТР, садамаи электр, зарар дидани организм аз ҷараёни электр. З. э. дар саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва рӯзгор дучор меояд. Ба он ҳодисаҳои табиат, мас., барқ низ метавонад мусоидат кунад.
Дараҷаи зарар аз З. э. ба қувва, муқовамат, давомоти таъсири ҷараёни барқ ва хосиятҳои физикии он (ҷараёни доимӣ, тағйирёбанда) вобаста аст. Муқаррар гардидааст, ки хавфи ҷараёни тағйирёбандаи электр аз ҳама бештар аст. Бо баланд шудани муқовамат хатар меафзояд. Таъсири ҷараён ҳар қадар бардавом бошад, З. э. ҳамон қадар вазнинтар мешавад.
Таъсири ҷараёни электр ба организм боиси ихтилоли гуногуни ҷузъӣ ва куллӣ мегардад. Дар сурати З. э. таъсири ҷузъии он (дар ҷои баҳамрасӣ) метавонад аз ҳиси андаки дард то сиёҳ гаштан ва сӯхтани ягон узви бадан иборат бошад. Таъсири куллии З. э. аз ихтилоли асабияи марказӣ, узвҳои нафас ва гардиши хун иборат аст. Ҳангоми З. э. беҳушӣ, халал ёфтани нутқ, рагкашӣ, ихтилоли нафасгирӣ (то қатъ ёфтани нафас), дар ҳолатҳои вазнин шок мушоҳида мешавад. З. э.-и вазнин боиси марги фаврӣ мегардад.
Дар пӯсти одамони ба зарбаи барқ дучоромада изи ҷараён – «нишонаи барқ» боқӣ мемонад. Оташ гирифтани пӯшок дар вақти таъсири ҷараёни электр боиси сӯхтани бадан боис мешавад.
Дар мавриди З. э. пеш аз ҳама ҷабрдидаро аз таъсири ҷараён халос кардан лозим аст. Барои ин калид (рубилник)-ро ҷудо мекунанд, симҳоро бурида, бо ёрии чӯби хушк дур месозанд. Агар илоҷи аз манбаи ҷараён халос кардан набошад, пас ҷабрдидаро ба ҷои бехатар кашида бурдан лозим аст. Ҳангоми ин эҳтиёткориро аз даст надиҳед. Ба ҷойҳои бараҳнаи бадани шахси зарардида расидан мумкин нест. ӯро фақат аз либос дошта (пешакӣ пойафзол ва дастпӯшакҳои резинӣ пӯшида ё ба даст латтаи хушк печонда) ва дар болои ягон чизи ғайри ноқил (мас., шишаи автомобил, тахта, латтаи хушк) истода кашола кардан даркор. Фавран духтур (ёрии таъҷилӣ)-ро ҷеғ задан лозим. То омадани мошини ёрии таъҷилӣ, бетаъхир, дар ҷои ҳодиса ба барқарор намудани кори силсилаи дилу рагҳо ва нафасгирӣ шурӯъ мекунанд; нафасдиҳии сунъии даҳон ба даҳон ё даҳон ба бинӣ ва масҳи пӯшида (аз болои сандуқи сина)-и дилро кор мефармоянд. Нафасдиҳии сунъиро фақат пас аз барқарор шудани нафаскашии мустақилонаи осебрасида қатъ мекунанд. Ба замин гӯрондан ё болои осебдидаро бо хок пӯшидан тамоман норавост. Ин усули хурофотист ва сабаби марги ҷабрдида шавад (ягон натиҷаи муолиҷавӣ набахшида, ба таъхир ёфтани чораҳои зарурие, ки ҳаёти фалокатрасида ба онҳо вобаста аст, боис мегардад). Осебдидаро фавран ба беморхона фиристодан лозим аст.
Дар мавриди васл ва таъмир кардани дастгоҳҳои электрӣ бояд эҳтиёткор буд. Ба сим ва дастгоҳҳои электрӣ кӯдаконро наздик шудан намонед, дар хонаҳои зист аз разеткаҳое бояд истифода бурд, ки сарпӯш доранд. Барои пешгирии эҳтимоли зарбаи барқ ҳангоми раъду барқ дастгоҳҳои радио ва телевизионро хомӯш мекунанд; дар беша ва саҳро бошад, зери дарахти тоқаи аз дигар дарахтон баланд, дар ҷои ба замин гӯр шудани барқгардон ва болои теппа намеистанд.
Ад.: Цейтлин М. Д., Справочник по травматологии, М., 1984; Буянов В. М., Первая медицинская помощь, М., 1986.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …