Главная / Илм / ИНФАНТИЛИЗМ

ИНФАНТИЛИЗМ

infantilizmИНФАНТИЛИЗМ (Infantilismus; лот. infantilis – кӯдакона, аз infans – гапнозан), як навъ синдромест, ки дар таъхири инкишофи ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва рӯҳии хоси синни кӯдакӣ ё наврасӣ падид меояд. И. аз давраҳои зерин иборат аст: ҷанинӣ – дар кӯдакони чала (афгона) ба мушоҳида расидани нишонаҳои ҷанин; инфантилизм ба маънои асосӣ (кӯдакона) – дар кӯдакон маҳфуз мондани нишонаҳое, ки хоси кӯдакони синни ширхорагӣ мебошанд; пуэрилизм – маҳфуз мондани аломатҳое, ки хоси давраи то балоғат дар бачагон ва духтарон мебошанд; ювенализм – маҳфуз мондани аломатҳое, ки хоси давраи ҷавонӣ дар одамони калонсол мебошанд.
Ҷараёни И. қатъи назар аз сабаби пайдоиш музмин аст. Дар мавриди И.-и умумӣ инкишофи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва ҷинсӣ халалдор шуда, одам аз сабзиш мемонад; узвҳои таносул ва аломатҳои дуюмини ҷинсӣ инкишоф намеёбанд, ҷуссаю фикрронӣ кӯдакона аст. Сабаби И.-и умумӣ мумкин бемориҳои музмини узвҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо, истеъмоли хӯрокҳои камғизо, заҳролудӣ (дар давраи сабзиши организм) бошанд. И.-и умумии майнаю гипофизӣ ҳангоми осебҳои гуногун, бемориҳои сироятӣ ва рагҳои мағзи сар, ки дар натиҷа фаъолияти гипофиз халалдор мешавад, ба вуҷуд меояд. Барои И.-и ҷинсӣ дар занҳо аменорея ё ихтилоли ҳайз, хуншории бачадон, бенаслӣ, бачапартоӣ ва ғ. хос мебошанд; дар мардҳо бисёр вақт крипторхизм, набудани нуфуз, эҳтилом, азооспермия ба мушоҳида мерасад.
И. дар асоси аломатҳои болинӣ, натиҷаи тадқиқоти гинекологӣ ва урологӣ, муоинаи психиатр ва ғ. ташхис карда мешавад. И.-и ҷинсиро аз рӯи аломатҳои аз сабзиш мондани узвҳои таносул муқаррар мекунанд.
Муолиҷаи саривақтӣ ва босамари И., одатан, натиҷаи мусбат медиҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …