Главная / Илм / ИОФФЕ-ГОЛУБЧИК Гитлия Иосифовна

ИОФФЕ-ГОЛУБЧИК Гитлия Иосифовна

nophotoИОФФЕ-ГОЛУБЧИК Гитлия Иосифовна (1900, ш. Киев – 1982, Москва), гинеколог, доктори илми тиб (1946), проф. (1947). Донишкадаи тиббии ш. Киевро хатм кардааст (1922). Духтур ва сардухтури беморхонаи ш. Смоленск (1922 – 34), ассистент ва дотсенти Донишкадаи тиббии ш. Смоленск (1935 – 40). Соли 1941 ба Тоҷикистон омада, то с. 1949 дар кафедраи акушерӣ ва гинекологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино чун дотсент ва баъдан профессор фаъолияташро идома бахшидааст. Доир ба паҳлӯҳои мухталифи амрози занона асару мақолаҳо навиштааст. Бар асоси собиқаи бемории тақр. 15 ҳаз. занон, ки дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ иқомат доштанд, таъсири вараҷаро ба раванди ҳомилагӣ тадқиқ кардааст.
Ос.: Беременность и некоторые виды заболеваний половой сферы у женщин, больных малярией, Сталинабад, 1946

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …