Главная / Ҷамъият / Истиқлол – Бемористон – Маҷмааи тандурустии ш. Душанбе

Истиқлол – Бемористон – Маҷмааи тандурустии ш. Душанбе

Бо ифтитоҳи Маҷмааи нави тандурустии Истиқлол 3500 ҷойи нави корӣ соли 2016 таъсис ёфт. Маҷмааи тандурустии Истиқлол бо шароиту имкониятҳои ташхисгоҳ, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ бо 27 компютери ба интернет пайваст, таваллудхона, шуъбаи бемориҳои дарунии кӯдакона, бистарикунонии калонсолон, дармонгоҳ, озмоишгоҳ, ошхонаи кормандон бо 150 ҷойи нишаст ва дар саҳни ҳавлии маҷмаа бо варзишгоҳ шинос шуд.

istiqlol-klinika-2

Суроға ва тамос:

ш. Душанбе, куч.Неъмат Қарабаева, 54/1.
телефон: (+992) 234-10-97, 234-10-73, 236-51-80, 236-01-38. 234-10-62.
Сомона: www.mti.tj

Таваллудхона: (+992) 98-537-46-41 (Шахрия).

Маҷмааи тандурустии Истиқлол, аз маркази муҳташами тандурустӣ дорои 38 бинои аз 1 то 9 – ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё карда шудааст.

istiqlol-bemoriston4

Дар марказ 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудааст.

Тавре мутахассисони соҳа иттилоъ доданд, бартарияти ин дастгоҳҳо дар он аст, ки кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вақт якчанд амалиётро иҷро менамоянд. Масалан дастгоҳи ангеография, ки нодиртарин маҳсуб меёбад, ташхису табобати бемориҳои гуногун, аз қабили бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои занона ва ғайраро иҷро менамояд.

Дастгоҳи рентгении рақамӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ беморро аз ташхис мегузаронад. Дар ҳуҷраи мамографӣ бемориҳои ғадуди ширии занон ва саратони ғадудҳои ширии занон ташхис карда мешавад. Дар ҳуҷраи дансиометрӣ ҳолати физиологӣ ё потологии узвҳоро аз ташхис мегузаронанд. Яке аз бартариҳои ин дастгоҳ бо муайян кардани зичии бофтаҳои устухон пешгирии шикастани устухонҳои инсон мебошад.

Дар озмоишгоҳ аксар дастгоҳҳои муосире дастрас гардидааст, ки якбора якчанд амалиётро иҷро мекунанд. Масалан дар озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои сироятӣ дастгоҳҳои ширкати олмонӣ насб шудааст, ки дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳад.  Заррабин бошад, замонавӣ буда, сифати баланди оптикӣ дорад ва маводҳои ташхисшавандаи бемориҳои сироятиро аз 1000 то ба 2500 дараҷа калон мекунад. Аксари дастгоҳҳои барқии тиббӣ дар ин марказ каммасраф мебошанд.

Даромадгохи гарби

Дар ҳуҷраи шикастабандӣ бошад, дастгоҳе насб шудааст, ки дар вақти ҷарроҳӣ беморро аскбардорӣ карда, табобат менамоянд. Барои ин шахси осебдида ба дигар ҷой барои гузаштан аз ташхиси рентгенӣ намеравад.

Барои бемориҳои гушу гулу ва бинӣ дастгоҳи муосире насб шудааст, ки якбора метовонад беморро ташхис, беҳис ва табобат намояд.

 Дар дармонгоҳи маҷмаа тамоми ҷараёни бақайдгирӣ, ташхис ва табобати бемор ба таври компютерӣ ба системаи ягона ворид карда мешавад.

istiqlol-bemoriston6

Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, дар ин маҷмаа ба дастрас кардани дастгоҳҳои сайёр дар ҳар як ҳуҷраи ҷарроҳӣ, аз қабили рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси нигоҳдории кӯдакони дар вақти таваллуд бо вазни то 500 грам, интиқоли ин гуна тифлони навзод аз як ҷо ба ҷойи дигар, гузаронидани ҷарроҳӣ бевосита дар худи таваллудхона барои кӯдакони бо нуқси модарзодӣ таваллудшуда, аз тарафи духтурони табобати кӯдакон ва насби камераҳо дар вақти ҷарроҳиҳои нақшавӣ барои тибби фосилавӣ ва омӯзондани донишҷӯён афзалият дода шудааст.

Қаблан барои табобати як бемор аз дигар беморхонаҳо табиб даъват карда мешуд, ё ин ки барои ташхис шахси бемор ба дигар ҷо фиристода мешуд, акнун таҷҳизоти нодиру гаронарзиши тиббии маҷмаа имкон медиҳад, ки бемор дар ҷояш ташхис ва табобат карда шавад.

Барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ин ҷо толори маснуъӣ фаъолият мекунад, ки тарзи расондани кумаки аввалини тиббӣ ба онҳо омӯзонида мешавад.

МАКОН ДАР ХАРИТА

Дар маркази системаи ягонаи иттилоотии тандурустии ҷумҳурӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки имкон аст то дар як махзан ҳолати бемор нигоҳ дошта шавад ва ба маркази ҷумҳуриявӣ таърихи ташхису табобат ва маълумоти вазъи сиҳатии аҳолӣ расонда мешавад.

Имконияти муосири тибби фосилавиро  аллакай дар ҷумҳурӣ ба таври манфиатбахш муаррифӣ гардидааст. Тавассути он табибон метавонанд дар фосилаҳои гуногуни маҳалли ҷойгиршавӣ бо якдигар барои анҷоми ҷарроҳиҳо ё дигар амалиёт табодули дониш ва таҷриба намоянд.

Дар ошёнаи дуюм ва ҳаштум бахши табобат бо гиёҳ амал мекунад, ки дар ин ҷо бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо доруҳои гуногун омода мекунанд.

istiqlol-bemoriston-2

Баҳри бемороне, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, дар ошёнаи ҳаштум толорҳои алоҳидаи варзишӣ барои занону мардон ва кӯдакон сохта шудаанд. Дар толор таҷҳизоти муосири гуногуни машқи бадан дастрас гардидааст, ки мизоҷони маркази тандурустӣ метавонанд аз он васеъ истифода баранд

Арзиши умумии иншооти маҷмааи тандурустии Истиқлол беш аз 700 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ 500 миллион сомонӣ, харид, интиқол ва васлу насби таҷҳизоти тиббӣ 270 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ дар муассисаи мазкур 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, 650 кати табобатӣ, (аз ҷумла 150 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона), дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст, 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон, дармонгоҳӣ ва зиёда аз 50 шуъбаи бистарикунонӣ мавҷуд аст. Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 15 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла 3 бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд.

istiqlol-bemoriston-8

Инчунин дар ин ҷо иншооти гуногуни ёрирасон, толори конфронс бо 260 ҷойи нишаст, ошхона бо 150 ҷой, хонаи либосшӯӣ, маҷмааи варзишӣ, коргоҳи истеҳсоли доруворӣ ва ғайра низ омодаи хизмат аст. Маҷмаа муассисаи калонтарин барои табобат тавассути бистаринамоӣ дар пойтахт маҳсуб ёфта, 75 фоизи иқтидори он ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст.

 Бори нахуст дар сохтори тандурустии кишвар роҳандозӣ намудани фаъолият дар самти ҷарроҳии дилу рагҳои кӯдакон, сохтори алоҳидаи покнамоии хуни (гемодеалези) кӯдакон, шуъбаи муҳандисии клиникӣ, тибби суннатӣ ва 50 кати наҷоти бахшҳои гуногун амалӣ шудааст.

Лоиҳаи бунёди Маҷмааи тандурустии Истиқлол соли 1987 тасдиқ шуда, тайи солҳои дароз сохтмони он ба таъхир афтода буд, инак баъди беш аз 30 сол туфайли соҳибистиқлолии кишвар имкон фароҳам омад, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи марказ тибқи меъёрҳои муосир таҳия намудан, аз нав сохтмони иншоот 1 апрели соли 2013 оғоз гардид.

istiqlol-bemoriston-9Иншоот дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст. 6 сентябри соли 2011 Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони шифохонаи шаҳрии бисёрсоҳа бо 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар ниёзмандон дар як баст оғоз бахшида буд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти масъул дастур дод, ки дар паҳлӯи шифохонаи шаҳрӣ, воқеъ дар шафати Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ, ҳамчунин як осоишгоҳи хуб сохта, ба ниёзмандон пешкаш намоянд.

Дар ҷараёни сохтмони маркази тандурустии Истиқлол Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба-4 сентябри соли 2013 ва 4 ноябри соли 2014 бо рафти корҳо ва сифати сохтмон шинос шуда буд.

Дар вақти бунёди ин иншооти беназири тандурустӣ пешниҳодҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта шудааст ва дар натиҷа маҷмааи тандурустии Истиқлол бо назардошти завқи баланди зебоипарастӣ ва риояи қоидаву унсурҳои меъмории шарқии бо талаботи замони муосир омехта, хеле дилкашу назаррабо бунёд ёфт. Бинои маҷмаа, ки дар як ҷойи назаррас бунёд шудааст, ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам мекунад.

Ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоотро се ташкилоти лоиҳакашии ватанӣ – Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз», ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Саноатсоз» ва «Шаҳрофар» таҳия намудаанд.

istiqlol-bemoriston-3Дар бунёди иншооти мазкур 8 ташкилоти сохтмонӣ ба ҳайси пудратчиёни асосӣ ва 17 адад ташкилоти молрасон иштирок кардаанд. Дар рафти сохтмони ин иншоот аз оғоз то анҷом аз 450 то 2500 нафар мутахассисони касбу кори гуногун бо  кор ва маоши аз 1200 то 3500 сомонӣ таъмин шуданд. Корҳо таҳти назорати доимии 350 нафар мутахассисон ва масъулини муҳандисию техникӣ ҷараён дошт. Дар рафти бунёди иншоот корхонаҳои сохтмонӣ ва техникаҳои гуногунтамға, аз ҷумла 6 адад корхонаҳои бетонтайёркунӣ, даҳҳо адад кран-манораҳои борбардор, автокранҳо, экскаваторҳо ва дигар автомашинаҳои борбардор фаъолият мекард.

Ин маҷмаа бузургтарин иншооти соҳаи тандурустии Тоҷикистон на танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ, балки дар даврони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мебошад ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам шояд беҳамто бошад.

Маҷмаа нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла хадамоти ёрии фаврии тиббӣ ва офиятбахшии тибби муосир мебошад.

Дар пойгоҳи ин маҷмаа 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ ва ғайра фаъолият карда, метавонанд аз он чун пойгоҳи беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва таҷрибаомӯзии амалӣ пурсамар истифода баранд.

20170520_113744

Фароҳам овардани шабакаҳои худкори идоракунии иттилоотӣ, таъмини об,(оби тоза, гарм, хунук), газҳои табобатӣ (ҳавои фишурда, оксиген), ҳавополоӣ(тоза, гарму сард), пешгирии сӯхтор, тибби фосилавӣ, интернет, алоқаи дохилӣ ва шаҳрӣ, радиои дохилӣ, камераҳои мушоҳидавии мустақим (416 нуқта), 602 маҷмуи компютер низ маҷмааро дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир кардааст.

Дар масоҳати 9500 метри мураббаъ қитъаи замин корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шудааст. 670 адад дарахту буттаҳои гуногуни ороишӣ ва 10 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Гулгашту фаввораҳо, ҷойҳои нишасту чароғҳои гуногунранг, ки бо завқи баланди зебоипарастӣ сохта шудааст, низ барои табобати беморон ва болидагии руҳи онҳо хизмат мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки бо гузаронидани ислоҳоти муваффақ дар соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа аз тарафи Президенти мамлакат бахши тандурустӣ низ рушду тараққӣ меёбад. Дар саросари кишвар даҳҳо адад марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва беморхонаҳои муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосиру дигар технологияи компютерии пешқадам таъмин мешавад, кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ барои фаъолият дар ин марказҳо роҳхат мегиранд.

Ташноби Беморхонаи Истиклол
Ташноби Беморхонаи Истиклол

Бо таъмини чунин шароити муосир акнун мардум ба хориҷи кишвар нарафта, дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиббӣ мебошад ки аз ҷониби Сарвари давлат барои мардум пешкаш карда мешавад.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои мукаммал барои рушди соҳа қабул гардида, марказҳо бо мутахассисони соҳибтахассус таъмин мешавад. Дар муассисаҳои олии кишвар бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат тибқи квота таҳсил карда, ба зодгоҳи хеш бармегарданд.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

Нони точики

Нони тоҷикӣ

Нон – аз ҳама хӯроквории асосии инсон аст. Дар урфият мегӯянд, ки «ҳар чӣ қадар …