Главная / Илм / ИОФФЕ Вениамин Юдович

ИОФФЕ Вениамин Юдович

nophotoИОФФЕ Вениамин Юдович (1897, ш. Кременчуг – 1973, ш. Киев), терапевт, доктори илми тиб (1941), проф. (1939), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷ. (1945). Донишкадаи тиббии ш. Киевро хатм кардааст (1922). Ординатор, ассистент, дотсент, мудири кафедраи терапияи Донишкадаи тиббии ш. Смоленск (1922 – 40), мудири кафедраи терапияи ш. Саратов (1940 – 42). Солҳои 1942 – 49 сарварии кафедраи бемориҳои даруни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба ӯҳда дошт. Перомуни аломат, роҳҳои ташхис, муолиҷа, пешгирӣ ва табобати амрози дарунӣ тадқиқот анҷом додааст.
Ос.: Печень и поджелудочная железа при патологическом состоянии желудка и кишечника, Сталинабад, 1946.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …