Главная / Илм / ИНТИХОБИ КАСБ

ИНТИХОБИ КАСБ

vybor-professiiИНТИХОБИ КАСБ, вобаста ба лаёқату қобилияти шахс ва иҷрои навъҳои муайяни кор муқаррар намудани касб. Ҳангоми қабул ба кори шароиташ номусоид ё бад будани саломатии шахс ба назар гирифтани касб ҳатмист. Мас., суст будани қувваи шоммаи одаме, ки касбаш эҳсоси бӯйҳоро тақозо дорад (дар саноати атторӣ, хӯрокворӣ ва ғ.), мувофиқи талаб нест. Ба кори марбут ба бехатарии ҳаракати нақлиёт қабул намудани шахсони қувваи биноияшон суст ва касоне, ки рангро дуруст дарк намекунанд (ниг. Рангбинӣ), манъ аст.
Оид ба мувофиқати касб комиссияи тиббӣ хулоса мебарорад. Ҳолати саломатӣ ва вазъи узвҳое, ки ҳангоми иҷрои кори ба ин ё он касб вобаста зарар диданашон мумкин аст (ниг. Зиёни касбӣ), дар ҳуҷҷати тиббӣ қайд мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …