Главная / Гуногун / Сиёсати хориҷии Испания дар оғози асри XX

Сиёсати хориҷии Испания дар оғози асри XX

Империализми Испания дар оғози асри XX талаб мекард, ки ҳукумат дар сиёсати хориҷии худ мавқеи фаъолонатарро ишғол намояд. Мустамликаю бозорҳо, манбаъҳои нави ашёи хому соҳаҳои муҳими сармоягузориро ба даст дарорад. Минтақаи асосии истилои империализми Испания қисмати Шимолии Марокаш буд, он вилояте, ки аз маъданн оҳан, мис, сурб, қӯрғошим, графит, ангшитсанг ва заминҳон ҳосилхез бой аст. Аз ҷиҳати стратегӣ шимоли Марокаш калиде буд барои мавқеи хукмронӣ дар Баҳри Миёназамин. Аз ҳамин сабаб Марокаш объекти муборизаи чандин мамлакатҳои империалистӣ гардида буд.

cortes_de_cadiz-1

Ҳукумати Испания аз зиддиятҳои байни Англия, Фаронса ва Германия истифода бурда, соли 1904 бо Фаронса қарордоди пинҳониеро барои тақсими шимолии Марокаш ба имзо расонид ва дар кори ба Испания дода шудани Марокаш и Шимолӣ ва қабул карда шудани қарори Конференсияи Алхесираси соли 1906 муваффақ шуд. Сарфи назар аз ин тақсимоти Марокаш чунин маъно надошт, ки гӯё Испания онро ба худ тобеъ карда бошад. Боз дар тӯли ду даҳсолаи оянда Испанияи империалистӣ ба муқобили халқи озодихоҳи риффҳо мубориза бурд. Ин мубориза барон Испания хеле гарон афтид – ҳазорҳо қурбонӣ ва маблағи зиёдро талаб намуд.

Дар давраи бӯҳрони дуюми Марокаш (соли 1911) империализми Испания кӯшиш ба харҷ дод, ки боз ҳам аз зиддиятҳои байни Англия, Фаронса ва Германия фоида бардорад. Моҳи июли соли 1911 бо дастгирии дипломатии Германия Испания бар зидди Марокаш ҷанг cap карда, Лариш ва эл- Ксароро дар шимолии он забт намуд. Вале ба артиши Испания муяссар нашуд, ки ба дарунтари Марокаш ворид шавад. 27 ноябри соли 1912 дар байни Фаронса ва Испания созишномае ба имзо расид, ки мувофиқи он Марокаши Шимолӣ се тақсим карда шуд. Фаронса 572 км. мураббаъ ва Испания 28 ҳазор км. мураббаъ заминҳои ин минтақаи Марокашро ба зери назорати худ дароварданд. 600 км. мураббаъ замини боқимондаи Марокаши Шимолӣ бошад, минтақаи байналхалқии Танжер эълон карда шуд.

Ҳамин тариқ, чи тавре ки дидем, дар ибтидои асри XX Испания дар сиёсати хориҷии худ асосан ба Марокаш банд буд ва ба ҷанги дар пешистодаи якуми ҷаҳонӣ тайёрӣ ҳам намедид, ҳарчанд блокҳои харбӣ ва давлатҳои асосии ҷангкунандаи онҳо аллакай маълум буданд. Ин вақт империализми Испания на қудрати ҳарбӣ, на қудрати иқтисодӣ, на қудрати сиёсӣ ва на майли аз нав тақсим кардани ҷаҳонм аллакай тақсимкардашударо дошт.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуқанд корҳои бузургӣ обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии …