Главная / Илм / ИНТЕРФЕРОН

ИНТЕРФЕРОН

interferonИНТЕРФЕРОН, сафедаи муҳофизе, ки ҳуҷайраҳои ширхорон ва паррандаҳо ҳангоми ба онҳо роҳ ёфтани микроорганизмҳои гуногун, пеш аз ҳама вирусҳо, инчунин дар сурати ба ҳуҷайраи организм таъсир кардани баъзе моддаҳои табиӣ (мас., эндотоксинҳо) ва сунъӣ (мас., ҳосилаҳои кислотаи нуклеат), ки индукторҳои интерферон ном гирифтаанд, ҳосил мекунанд. И. омили номахсуси иммунитети зиддивирусӣ аст.
Даҳсолаҳо пеш аз ин олимон ба чунин ҳодисаи фавқулодда диққат доданд: агар ба ҳуҷайра ягон хел вирус дохил шуда бошад, баъди ин дар он вируси дигар («бегона») афзоиш ёфта наметавонад. Моҳияти ин ҳодиса солҳои зиёд номафҳум буд. Фақат с. 1957 муайян шуд, ки дар ҳуҷайра ба афзоиши вируси «бегона» моддаи сафеда – интерферон роҳ намедиҳад. Ҳамчунин ошкор гашт, ки И.-ро ҳосил кардани ҳуҷайра раванди табиӣ буда, онро хромосомаҳо танзим мекунанд.
Бар хилофи подтанҳо (ниг. Иммунитет) ҷисмҳои музодди И. омили муҳофизи универсалии организм мебошанд. Ба И. қариб ҳамаи вирусҳои маълум ҳассосияти баланд доранд. И. афзоиши онҳоро зуд пешгирӣ карда, ба шифои одаму ҳайвонот мусоидат менамояд. Вале ҳамин ки ангезандаҳои беморӣ ба организм якбора дарафтанд, миқдори И. дар муборизаи зидди онҳо камӣ мекунад. Вирусологҳо дар лаборатория тариқи аз лейкоситҳои хуни донорҳо гирифтани И. – ро омӯхтаанд. Агар доруҳои бо ин роҳ ҳосилшудаи И. мунтазам ба организм гузаронда шаванд, бисёр бемориҳои вирусиро пешгирӣ кардан мумкин аст.
Ҳоло мутахассисон барои бо роҳи инженерияи генетикӣ ҳосил кардани И. – и «арзонтар» ва дарёфти индукторҳои нави хеле фаъол, ки ба ҷудо гаштани И. мусоидат мекунанд, ҷидду ҷаҳд доранд. Дар амалияи тиб И. барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои вирусӣ истифода мешавад. Ҳангоми бо И. муолиҷа кардани баъзе бемориҳои хавфнок натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …