Главная / Илм / ИНТОКСИКАТСИЯ

ИНТОКСИКАТСИЯ

intoksikatsiyaИНТОКСИКАТСИЯ (Intoxicatio; аз лот. in – ба дарун ва юн. toxikon – заҳр), иллат ёфтани организм аз заҳрҳои беруна ё заҳрҳое, ки дар худи организм ҳосил шудаанд. И. – е, ки ҳангоми аз муҳити зист дохил шудани моддаҳои заҳрнок ба вуҷуд меояд, И. – и экзогенӣ ё заҳролудӣ ном дорад. Моддаҳои гуногуни химиявӣ ва газҳо (мас., заҳролудӣ аз гази карбон), истеъмоли ғизои заҳрнок (мас., занбӯруғҳои заҳрнок), истеъмоли нодурусти дору (мас., вояи зиёди дору) сабаби заҳролудӣ мегардад.
Агар моддаҳои заҳрнок дар худи организм ҳосил шуда, организмро заҳролуд созанд, чунин И. эндогенӣ ном дорад. И. – и эндогенӣ дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ (мас., ғадуди сипаршакл), ҳангоми амрози узвҳои ихроҷ (мас., гурда – уремия), бемориҳои сироятӣ (мас., дар мавриди хуноқ), токсикозҳои ҳомилагон пайдо мешавад.
Аломатҳои И. ба сабаби он вобаста мебошанд. И. зуҳуроти умумӣ низ дорад: ҳарорати баланд, беҳолӣ, дарди сар, бехобӣ, дилбеҳузурӣ; дар ҳолатҳои вазнин қай, ташаннуҷ (рагкашӣ), беҳушӣ. Падидаҳои мазкур ба ихтилоли фаъолияти асабияи марказӣ вобастаанд.
И.-ро духтур табобат мекунад. Дар баъзе мавридҳо маризро дар беморхона хобонда, ёрии фаврӣ расондан зарур аст. Ниг. низ. мақолаҳои ҷудогона оид ба заҳролудӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …