Главная / 2018 / January / 28 (страница 2)

Архивы за день : 28.01.2018

ИНСИДЕНТАЛОМА

insidentaloma

ИНСИДЕНТАЛОМА (анг. incident – ногаҳон), омоси ғадуди болои гурда, ки аломатҳои болинии он падид намеоянд. Бисёр вақт ногаҳон дар вақти муоинаи бемориҳои дигар ошкор карда мешавад. И. зуҳуроти махсус надорад, вале бо вуҷуди ин дар беморон гипертензияи шараёнӣ ба мушоҳида мерасад, ки далел ба муоинаи аниқу дақиқ аст. И.-и қутраш …

Муфассал »

ИНСУЛИН

insulin

ИНСУЛИН (лот. insula – ҷазира, ҷазирача), гормоне, ки бета-ҳуҷайраҳои ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда ҳосил мекунанд. И. омили асосии назорати мубодила ва дар организм ғун шудани сафедаҳо, равған ва ангиштобҳо мебошад. Вобаста ба сохтори химиявӣ И. полипептиди мураккаб буда, таркиби он дар ҳайвоноти гуногун фарқ мекунад. И. ба тавассути ретсепторҳои махсус, …

Муфассал »

ИНСУЛОМА

insuloma

ИНСУЛОМА (аз лот. insula – ҷазира ва oma – омос), омоси ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда. Омосҳои ҷазирачаҳо ду навъ мешаванд; аденомаҳо ва аденокарсиномаҳо. Тақр. 60% омосҳои эндокринии ғадуди зери меъдаро унсурҳое ташкил медиҳанд, ки онҳо инсулин ҳосил мекунанд. Тахмин меравад, ки пайдоиши омосҳои эндокринӣ ду манбаъ дорад: ҷазирачавӣ ва маҷроӣ. …

Муфассал »

ИНТЕРМЕДИН

intermerin

ИНТЕРМЕДИН (Intermedinum), доруи гормонии ҳиссаи миёнаи гипофиз. Аз гипофизи моли калон ва хук мегиранд. И. ба фаъолияти шабакияи чашм тақвият бахшида, барои дар торикӣ дидан мусоидат менамояд, нури чашмро зиёд мекунад. И.-ро барои муолиҷаи тағйироти дистрофии шабакия (шабкурӣ, ретинити пигментӣ, хориоретинити миопатиявӣ) кор мефармоянд. Дар шакли маҳлули 5% ба ҳар …

Муфассал »

ИНТЕРФЕРОН

interferon

ИНТЕРФЕРОН, сафедаи муҳофизе, ки ҳуҷайраҳои ширхорон ва паррандаҳо ҳангоми ба онҳо роҳ ёфтани микроорганизмҳои гуногун, пеш аз ҳама вирусҳо, инчунин дар сурати ба ҳуҷайраи организм таъсир кардани баъзе моддаҳои табиӣ (мас., эндотоксинҳо) ва сунъӣ (мас., ҳосилаҳои кислотаи нуклеат), ки индукторҳои интерферон ном гирифтаанд, ҳосил мекунанд. И. омили номахсуси иммунитети зиддивирусӣ …

Муфассал »

ИНТИХОБИ КАСБ

vybor-professii

ИНТИХОБИ КАСБ, вобаста ба лаёқату қобилияти шахс ва иҷрои навъҳои муайяни кор муқаррар намудани касб. Ҳангоми қабул ба кори шароиташ номусоид ё бад будани саломатии шахс ба назар гирифтани касб ҳатмист. Мас., суст будани қувваи шоммаи одаме, ки касбаш эҳсоси бӯйҳоро тақозо дорад (дар саноати атторӣ, хӯрокворӣ ва ғ.), мувофиқи …

Муфассал »

ИНТОКСИКАТСИЯ

intoksikatsiya

ИНТОКСИКАТСИЯ (Intoxicatio; аз лот. in – ба дарун ва юн. toxikon – заҳр), иллат ёфтани организм аз заҳрҳои беруна ё заҳрҳое, ки дар худи организм ҳосил шудаанд. И. – е, ки ҳангоми аз муҳити зист дохил шудани моддаҳои заҳрнок ба вуҷуд меояд, И. – и экзогенӣ ё заҳролудӣ ном дорад. …

Муфассал »

ИНТУБАТСИЯ

intubatsiya

ИНТУБАТСИЯи хирной ва бронхҳо (аз лот. in – ба дарун ва tuba – ғулба, қубур), бо мақсади кушодани роҳи нафас ба хирной ва (ё) бронхҳо ворид сохтани найи интубатсиявӣ. И.-ро дар мавриди карахтсозии умумӣ (наркоз) ҳангоми ҷарроҳиҳои гуногун, хусусан дар сурати мавҷуд будани хавфи ба роҳи нафас афтодани хун ё …

Муфассал »

ИНФАНТИЛИЗМ

infantilizm

ИНФАНТИЛИЗМ (Infantilismus; лот. infantilis – кӯдакона, аз infans – гапнозан), як навъ синдромест, ки дар таъхири инкишофи ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва рӯҳии хоси синни кӯдакӣ ё наврасӣ падид меояд. И. аз давраҳои зерин иборат аст: ҷанинӣ – дар кӯдакони чала (афгона) ба мушоҳида расидани нишонаҳои ҷанин; инфантилизм ба маънои асосӣ (кӯдакона) …

Муфассал »

ИНФИЛТРАТ

infiltrat

ИНФИЛТРАТ (infiltratus; лот. in – ба дарун ва filtrare – полоиш), сахтие, ки дар бофтаҳо (насҷи зери пӯст, мушакҳо) ё узв (шуш, ҷигар) бинобар ғун шудани унсурҳои ҳуҷайра, хун ва лимфа ба вуҷуд меояд. И. маъмулан дар аснои илтиҳоб ва баъзе бемориҳои сироятии музмин (сил, сифилис, актиномикоз) ба мушоҳида мерасад. …

Муфассал »