Главная / Илм / ИНСУЛИН

ИНСУЛИН

insulinИНСУЛИН (лот. insula – ҷазира, ҷазирача), гормоне, ки бета-ҳуҷайраҳои ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда ҳосил мекунанд. И. омили асосии назорати мубодила ва дар организм ғун шудани сафедаҳо, равған ва ангиштобҳо мебошад. Вобаста ба сохтори химиявӣ И. полипептиди мураккаб буда, таркиби он дар ҳайвоноти гуногун фарқ мекунад. И. ба тавассути ретсепторҳои махсус, ки дар сатҳи ҳуҷайраҳои бофтаҳои инсулинхоҳ ҷой гирифтаанд, таъсир мерасонад. Ангезаи асосии тарашшӯҳи И. дар организм глюкоза аст. Дар мавриди дар бета-ҳуҷайраҳои ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда кам ҳосил гаштани И., ба маҷрои хун хориҷ шудани И.-и нофаъол ё нисбати И. суст шудани ҳассосияти бофтаҳо диабети қандӣ инкишоф меёбад. И. ҳангоми омосе, ки аз бета-ҳуҷайраи ҷазирчаҳо бармеояд (инсулома) бисёр хориҷ мешавад.
Доруҳои И.-ро аз ғадуди зери меъдаи гов ва хукҳо мегиранд. Онҳо барои табобати диабети қандӣ ва бемориҳои рӯҳӣ (инсулинотерапия) истифода мегарданд. И. савияи глюкозаро дар хуни беморони гирифтори диабети қандӣ тез паст мекунад, вале таъсири он аз 6 соат беш нест. Дар натиҷаи ба И. илова кардани намакҳои рух ва сафедаҳои гуногун таъсири он 10 – 36 соат идома меёбад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …