Главная / Илм / ИНТЕРМЕДИН

ИНТЕРМЕДИН

intermerinИНТЕРМЕДИН (Intermedinum), доруи гормонии ҳиссаи миёнаи гипофиз. Аз гипофизи моли калон ва хук мегиранд. И. ба фаъолияти шабакияи чашм тақвият бахшида, барои дар торикӣ дидан мусоидат менамояд, нури чашмро зиёд мекунад. И.-ро барои муолиҷаи тағйироти дистрофии шабакия (шабкурӣ, ретинити пигментӣ, хориоретинити миопатиявӣ) кор мефармоянд. Дар шакли маҳлули 5% ба ҳар чашм 3 чакрагӣ чаконда мешавад (фосилаи байни ҳар чакра 5 дақ. аст); маҳлулро бо усули ex tempore тайёр мекунанд. Бо мақсади ба зери конъюнктива фиристодан 0,04 – 0,05 г И.-ро дар 1 мл маҳлули 0,5% новокаин ҳал ва ҷӯшонда тамйиз мекунанд; онро фақат ба як чашм 0,2 – 0,3 мл як маротиба баъди ҳар 3 рӯз мефиристанд. Як даври табобат аз 10 – 12 тазриқ (инъексия) иборат аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …