Главная / Илм / ИНСУЛОМА

ИНСУЛОМА

insulomaИНСУЛОМА (аз лот. insula – ҷазира ва oma – омос), омоси ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда. Омосҳои ҷазирачаҳо ду навъ мешаванд; аденомаҳо ва аденокарсиномаҳо. Тақр. 60% омосҳои эндокринии ғадуди зери меъдаро унсурҳое ташкил медиҳанд, ки онҳо инсулин ҳосил мекунанд. Тахмин меравад, ки пайдоиши омосҳои эндокринӣ ду манбаъ дорад: ҷазирачавӣ ва маҷроӣ. И. бисёр вақт дар калонсолон дар ҳар қисми ғадуди зери меъда ташаккул меёбад. Омосҳои қутрашон то 2 см ғайрисаратонӣ ва аз 6 см калонтар саратонӣ мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …