Главная / 2017 / December / 24 (страница 2)

Архивы за день : 24.12.2017

БАНКАҲОИ ТИББӣ

meditcinskie_banki

БАНКАҲОИ ТИББӣ, зарфҳои шишагии кӯзашакл, ки бо таъиноти духтур ҳангоми бемориҳои илтиҳобии узвҳои сандуқи сина (бронхҳо, шуш, шушпарда) истифода мекунанд. Гунҷоиши Б. т. 30 – 70 мл аст. Барои гузоштани Б. т. ба ҷои тозаю безахми пӯст вазелин мемоланд (он ба ҳар эҳтимол сӯхтани пӯст ва аз лаби банка даромадани …

Муфассал »

БАРГИ ЗУЛФ

podorozhnik_bolshoj

БАРГИ ЗУЛФ (Plantado major), гӯши хар, асфағул, забони барра, занбарак, зуф, зуфтурум, филгӯш, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. То 60 см қад мекашад. Пояи кӯтоҳ, барги байзашакл (аз бехи поя месабзад), гули майдаи бӯртоб дорад. Аз май то охирҳои сент. гул мекунад. Дар боғу киштзор, заминҳои партов, канори ҷӯй ва чашмасорон …

Муфассал »

БАРГИ САНО

Cassia senna - Cesalpiniaceae

БАРГИ САНО (Sennae folium), барги хушкондаи баъзе растаниҳо (мас., Cassia acutifolia, C. angustifolia, C. obovata ва ғ.), ки дар тиб чун давои исҳоловар кор фармуда мешаванд. Б. с.-ро дар мавриди қабзияти шадид, бавосир, ҷарроҳии рӯдаи рост ва мақъад, қабл ва баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ дар ҷавфи шикам, бо мақсади хориҷ …

Муфассал »

БАРГЧОЙ

chamerion_angustifolium

БАРГЧОЙ (Chamerion angustifolium), муғулчой, гиёҳест бисёрсола. Аз 35 то 150 см қад мекашад. Пояи рости сербарг, барги бедумча ё кӯтоҳдумчаи нештаршакл, гули гулобии арғувонӣ, хӯшагули дароз (дар нӯги поя нумӯ меёбад), ғӯзаи сертухм дорад. Б. дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ (дар баландии 1000 – 3200 м аз с.б.) асосан дар соҳили …

Муфассал »

БАРИНШТЕЙН Леон Аврамович

barinshteyn-leon-abramovich

БАРИНШТЕЙН Леон Аврамович (1893, ш. Житомир – 1976, ш. Киев), ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1939), профессор (1935), Донишкадаи тиббии шаҳри Одессаро с. 1922 ба итмом расонда, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистент, дотсент, мудири кафедраи ҷарроҳӣ кор кардааст. С. 1939 ба Тоҷикистон даъват гардида, дар Донишкадаи навтаъсиси тиббии ҷумҳурӣ ба …

Муфассал »

БАРКАГАН Зиновий Соломонович

barkagan

БАРКАГАН Зиновий Соломонович (06. 12. 1925, ш. Одесса), терапевт, доктори илмҳои тиб (1964), профессор (1955). С. 1946 Донишкадаи тибби шаҳри Одессаро ба итмом расонда, дар ҳамин ҷо ба сифати лаборант, ординатор кор кардааст. С. 1949 ба Тоҷикистон омада, дар Донишкадаи тиббии ҷумҳурӣ ба сифати ассистент ва дотсенти кафедраи касалиҳои дарунӣ …

Муфассал »

БАРКАГАН Соломон Лвович

images

БАРКАГАН Соломон Лвович (1890, ш. Романовка – 1973, Киев), терапевт, доктори илмҳои тиб (1947), профессор (1950). Хатмкардаи Донишкадаи тиббии ш. Одесса (1926). С.-ҳои 1926 – 1941 аспирант, ассистент ва дотсенти ҳамин донишкада буд. Духтури госпитали ҳарбӣ дар ш. Чимкент (1941 – 45), дотсенти Донишкадаи тиббии Одесса (1945 – 49). Мудири …

Муфассал »

БАРҚШИФОӣ

barkshifoi

БАРҚШИФОӣ, истифодаи ҷараёни электр, майдонҳои электрию электромагнитӣ бо мақсади муолиҷа ва пешгирии бемориҳо; яке аз фаслҳои физиотерапия. Б.-ро духтур таъин мекунад. Дар амалияи тиб бештар ҷараёни доимии электрро ба кор мебаранд, ки шиддати паст ва қувваи кам дорад ва беист ё дар фосилаи муайян бо импулсҳои ҷудогона дода мешавад. Ҷараёни …

Муфассал »

БАРОМАДАНИ МАҚЪАД

baromadani-makad

БАРОМАДАНИ МАҚЪАД (Prolapsus recti), афтодани рӯдаи рост. Асосан дар мардҳо ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои Б. м. баланд будани фишори дохили шикам, осеби мақъад ва мушакҳои қаъри кос маҳсуб мешаванд. Рӯдаи рост ҳангоми қазои ҳоҷат, кори ҷисмонӣ, сулфидан ва роҳгардӣ мебарояд. Б. м. се дараҷа дорад: дараҷаи I – фақат дар …

Муфассал »

БАРОМАДАНИ УСТУХОН

baromadani-ustugon

БАРОМАДАНИ УСТУХОН (Luxatio), беҷошавии устухон, ихтилоли бутунии бандҳо ва беҷо шудани нӯги буғумҳои устухон. Б. у. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Беҷошавии ғайримодарзодии устухон дар натиҷаи садама ё ягон беморӣ ба вуҷуд меояд. Аз рӯи дараҷаи ихтилол Б. у. пурра ва нопурра мешавад. Ҳангоми пурра баромадани устухон нӯги устухонҳо аз ҳамдигар …

Муфассал »