Главная / Илм / БАРОМАДАНИ МАҚЪАД

БАРОМАДАНИ МАҚЪАД

baromadani-makadБАРОМАДАНИ МАҚЪАД (Prolapsus recti), афтодани рӯдаи рост. Асосан дар мардҳо ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои Б. м. баланд будани фишори дохили шикам, осеби мақъад ва мушакҳои қаъри кос маҳсуб мешаванд. Рӯдаи рост ҳангоми қазои ҳоҷат, кори ҷисмонӣ, сулфидан ва роҳгардӣ мебарояд. Б. м. се дараҷа дорад: дараҷаи I – фақат дар мавриди қазои ҳоҷат; дараҷаи II – дар вақти кори ҷисмонӣ ва сулфидан; дараҷаи III – ҳангоми роҳгардӣ ва рост истодан.
Б. м. боиси суст шудани ҳалқамушакҳои рӯдаи рост мегардад. Бисёр вақт аз рӯдаи рост луоб меравад; ноҷосат гоҳо хунолуд мешавад. Б. м., одатан, бедард ҷараён меёбад (дард фақат дар натиҷаи фишор хӯрдани рӯдаи баромада ба вуҷуд меояд).
Ҳангоми Б. м. ва захм надоштани девораи рӯда, онро ба ҷояш андохтан лозим аст. Ба рӯда равғани вазелин молида, онро оҳиста бо сачоқчаи равғанин (ё ягон марҳами дигар) ба дарун тела медиҳанд; бемор дар ин ҳолат бояд якпаҳлӯ дароз кашад ё чорғоб истода сарашро поён афканад. Дар ҳолатҳои вазнин будани иллат рӯдаро зери наркоз ҷо ба ҷо мекунанд.
Б. м.-и кӯдаконро бо ёрии машқҳои варзиши шифоӣ, ҳуқнарезӣ, ба рӯда фиристодани доруҳо ва ғ. табобат менамоянд. Муолиҷаи калонсолон фақат бо роҳи ҷарроҳист.
Бо мақсади пешгирии Б. м. ҳамаи он бемориҳоеро, ки сабаби суст гаштани мушакҳои қаъри кос мешаванд, бояд саривақт табобат кард.
Ш.Б. Полвонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …