Главная / Илм / БАРГИ ЗУЛФ

БАРГИ ЗУЛФ

podorozhnik_bolshojБАРГИ ЗУЛФ (Plantado major), гӯши хар, асфағул, забони барра, занбарак, зуф, зуфтурум, филгӯш, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. То 60 см қад мекашад. Пояи кӯтоҳ, барги байзашакл (аз бехи поя месабзад), гули майдаи бӯртоб дорад. Аз май то охирҳои сент. гул мекунад. Дар боғу киштзор, заминҳои партов, канори ҷӯй ва чашмасорон месабзад. Б. з. гиёҳи шифобахш аст. Дар тибби мардуми Чин 3 ҳаз. сол қабл баргу тухми Б. з.-ро барои табобати беморон кор мефармуданд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино варҷа ва дарди гӯшро (агар шираи барги онро ба гӯш чаконанд) рафъ менамояд. Реша, тухм ва барги он қабзияти ҷигар ва гурдаро мекушояд, баргаш хунравиро боздошта, захмҳои кӯҳнаро шифо мебахшад. Абӯалии Сино бо Б. з. ҳар гуна варам, захму ҷароҳат, нуқсонҳои ҷигар, гурда, узвҳои нафас, реши рӯда, варами чашм, дарди дандон ва обхӯраро табобат мекард.
Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн шираи Б. з.-ро ҳангоми сил, вараҷа, хунпартоӣ, захми меъда, зиқи нафас, инчунин саръ истифода мебаранд. Шираи Б. з. кори ҷигар, гурда, испурҷро тақвият бахшида, қабзияти онҳоро рафъ месозад, ҳазми ғизоро беҳтар мекунад. Агар бо ҷӯшоби барг ё решаи Б. з. даҳонро чайқонанд, дарди дандон ва сӯзиши даҳон нест мешавад, хунравии вораҳо қатъ мегардад.
Дар тибби халқӣ барги тару тозаи зуфро чун воситаи хунбанд (ҳангоми ҷароҳатҳо) истифода мебаранд. Бо ҷӯшоби барги тару тоза ва тухми он исҳоли хунин ва бемориҳои меъдаву рӯдаро муолиҷа менамоянд (2 чумча тухми онро дар ним истакон оби ҷӯшонида меандозанд ва баъди ним соат менӯшанд). Ҷӯшоби решаи Б. з. табларзаро бартараф месозад. Хокаи тухми онро ҳангоми исҳоли музмин, назлаи (катари) меъда, исҳоли хунин кор мефармоянд, хокаи баргашро ба захм мепошанд.
Дар амалияи тибби муосир нақеъ ва шираи Б. з. дар мавриди бемориҳои меъдаву рӯда (газак, энтероколит, энтерит), халаҳои шадиду музмин ва бемориҳои захмӣ истифода мешавад. Доруи «палантаглюзид», ки аз Б. з. тайёр мекунанд, дар муолиҷаи илтиҳобу реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ба кор меравад. Нақеъ, ҷавҳар, шира ва ҷӯшоби Б. з. давои хуби бемориҳои узвҳои нафас, сулфакабутак, сили шуш ва нефрити музмин мебошанд. Қиёми барги он хосияти таскинбахшӣ дошта, фишори хунро мефарорад; шираи баргаш барои муолиҷаи реши қарнияи чашм давои хуб аст.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …