Главная / Илм / БАНКАҲОИ ТИББӣ

БАНКАҲОИ ТИББӣ

meditcinskie_bankiБАНКАҲОИ ТИББӣ, зарфҳои шишагии кӯзашакл, ки бо таъиноти духтур ҳангоми бемориҳои илтиҳобии узвҳои сандуқи сина (бронхҳо, шуш, шушпарда) истифода мекунанд. Гунҷоиши Б. т. 30 – 70 мл аст. Барои гузоштани Б. т. ба ҷои тозаю безахми пӯст вазелин мемоланд (он ба ҳар эҳтимол сӯхтани пӯст ва аз лаби банка даромадани ҳаворо пешгирӣ мекунад). Одатан, банкаҳоро ба ҷои ҳамвору сергӯшти бадан (зери чанбара, байни шонаҳо ва камар) дар як вақт 5 – 10-то мегузоранд.
Барои ба пӯст маҳкам часпидани банка ҳавои дохили онро бо пилтачӯби оташдор гарм карда зуд ба рӯи пӯст мегузоранд. Агар банкаҳо ба қадри кофӣ натасфанд, ба пӯст намечаспанд ва агар аз ҳад зиёд тафсанд, пӯстро месӯзонанд. Банкаҳои гармшуда пӯстро то 3 см ба худ мекашанд, дар натиҷа ранги пӯст арғувонӣ ё ҷигарранг мегардад. Б. т.-ро ба муддати 10 – 15 дақ. мемонанд ва болои онҳоро бо кӯрпа мепӯшонанд. Барои беозор гирифтани банка онро бо як даст ба тарафе моил карда, бо панҷаи дасти дигар пӯстро каме зер мекунанд ва банкаро мебардоранд. Изи банка сурх шуда, ба узвҳои дарун таъсири рефлекторӣ мерасонад. Зери таъсири банка гардиши хуну лимфа тез ва тағзияи бофтаҳо беҳтар мегардад, манбаи газак барҳам мехӯрад.
Истифодаи банкаҳо дар аснои хунравӣ аз шуш, касалии сил, омосҳо ва ғ. норавост.
Дар мавриди гузоштани банка эҳтиёт шудан лозим аст, ки қатраи спирти сӯзон ба пӯст наафтад ё лаби банка сахт натасфад. Вагарна сӯхтану обила кардани пӯст аз эҳтимол дур нест. Банкаро аз мӯҳлати муқаррарӣ зиёд нигоҳ доштан манъ аст, чунки пӯст сиёҳ гашта, обилача мекунад.
Гузоштани Б. т. тадбири камаҳмият нест. Бинобар ин онро бояд кормандони тиб ё шахси таҷрибадор монад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …