БАРҚШИФОӣ, истифодаи ҷараёни электр, майдонҳои электрию электромагнитӣ бо мақсади муолиҷа ва пешгирии бемориҳо; яке аз фаслҳои физиотерапия. Б.-ро духтур таъин мекунад.
Дар амалияи тиб бештар ҷараёни доимии электрро ба кор мебаранд, ки шиддати паст ва қувваи кам дорад ва беист ё дар фосилаи муайян бо импулсҳои ҷудогона дода мешавад. Ҷараёни электр ба организм тавассути лавҳачаҳои филизӣ (электродҳо) ва матои нам, ки ба ҷойҳои муайяни бадан мегузоранд, таъсир мекунад.
Ҳангоми истифодаи ҷараёни шиддаташ паст – галванизатсия дар бофтаҳои ҳамон ҷои бадан, ки байни электродҳо воқеъ аст, ионҳо ба ҳаракат омада, дар ҳуҷайра равандҳои физикию химиявӣ тағйир меёбанд. Дар натиҷа гардиши хун беҳтар ва дард сабук шуда, бофтаҳои осебдида зуд барқарор мегарданд. Чунин ҳолат ҳангоми муолиҷа бо ҷараёни импулсӣ зудтар ба амал меояд. Бинобар ин ҷараёни импулсиро барои рафъи дард, ҳангоми ихтилоли хоб, тамрини мушакҳои заиф ва ғ. истифода мекунанд. Агар қабати зери электродро ба маҳлули дору тар кунем, таъсири ҷараёни доимии пастшиддат қувват мегирад ва дору тавассути ҷараён аз пӯсти осебдида ба бофтаҳо гузашта, ба организм таъсири дилхоҳ мерасонад. Ин усул электрофорези доруӣ ном дорад. Бемор ҳангоми галванизатсия ва электрофорези доруӣ дар зери электродҳо як навъ сихзании мавзун ва дар мавриди истифодаи ҷараёни импулсӣ ларзиши сабук ва кашиши бедарди мушакҳоро ҳис мекунад.
Истифодаи ҷараёни тағйирёбандаи импулсии шиддат ва басомадаш баландро дарсонвализатсия мегӯянд (аз номи олими франсавӣ д’Арсонвал, ки ин усулро пешниҳод кардааст). Ҷараён тавассути электродҳои шишагӣ таъсир мерасонад (онҳоро ҳангоми муолиҷа бо гази дурахшанда – неон пур мекунанд). Дар байни пӯст ва электрод безарядии кӯтоҳ рӯй медиҳад ва нугҳои асаби пӯстро ба ангезиш меорад. Дар натиҷа гардиши хун ва тағзияи бофтаҳо беҳтар гардида, дард кам мешавад.
Муолиҷа тавассути майдони тағйирёбандаи магнитии басомадаш пастро магнитотерапия меноманд; дар ин ҳол беморро тавассути индукторҳо – электромагнитҳое, ки дар ҷойҳои иллатноки бадан гузошта мешаванд, муолиҷа мекунанд. Майдони тағйирёбандаи магнитӣ ба бофтаҳо нуфуз карда, боиси тағйироти гуногуни физикию химиявӣ мегардад. Дар мавриди ин дард сабук ва хоришу варами бофтаҳо кам шуда, рагҳо васеъ мегарданд, устухонҳои шикаста ба ҳам меоянд.
Истифодаи майдони тағйирёбандаи магнитии басомадаш баланд индуктотермия ном дорад. Дар ин ҳол ҷараёни электр тавассути индуктор – симе, ки чун спирал рӯи бадан гузошта мешавад, таъсир мерасонад. Ҷараёни электр дар атрофи сим майдони электрӣ ба вуҷуд меорад. Ҳангоми муолиҷа бемор дар зери индуктор гармӣ ҳис мекунад. Индуктотермия таъсири зиддиилтиҳобӣ дошта, ҳассосиятро паст (ниг. Аллергия) ва рагҳоро васеъ мекунад, дардро таскин мебахшад.
Франклинизатсия усули муолиҷаест, ки омили таъсирбахши он майдони доимии баландшиддати электрӣ мебошад. Беморро тавассути электродҳои сӯзандори махсус, ки дар болои сар ё ҷойҳои осебдидаи бадан (ҷароҳат, реш) мегузоранд, табобат мекунанд. Дар майдони электрӣ молекулаҳои ҳаво таҷзия меёбанд ва аэроионҳои зарядашон бештар манфӣ ба вуҷуд меоянд. Нафас гирифтани аэроионҳо ҳангоми баъзе бемориҳо таъсири мусоид дорад. Ҳаво ҷараёни электрро интиҳол мекунад ва разряди «ором»-и электр ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи ин тадбирҳо нафаскашӣ амиқ, вазъи асаб, хоб ва кайфияти бемор беҳтар мешавад.
Муолиҷа тавассути майдони тағйирёбандаи электрии фавқулбасомад УВЧ-терапия ном дорад. Ҷараён тавассути лавҳаҳои конденсаторӣ, ки дар болои ҷойҳои осебдидаи бадан мегузоранд, ба организм таъсир мерасонад. Майдони электрии УВЧ таъсири ошкорои зидди илтиҳобӣ ва зидди бактериявӣ дошта, рагҳоро васеъ, тағзияи бофтаҳоро хуб, дардро кам мекунад.
Муолиҷаи микромавҷиро, ки дар он майдони электромагнитии басомади фавқулбаланд истифода мешавад, тавассути нурафканҳои гуногуншакл мегузаронанд. Дар мавриди муолиҷа беморон гармиро ҳис мекунанд. Энергияи афканишот ба бадан то 9 см ворид шуда, рагҳоро васеъ ва тағзияи бофтаҳоро беҳтару дардро кам месозад.
Диатермия усули дигари Б. буда, дар ин ҳол бофтаҳо тавассути ҷараёни электри басомадаш баланд гарм карда мешаванд. Ҳоло ба ҷои он усулҳои беҳтарини муолиҷа – индуктотермия ва муолиҷаи микромавҷӣ истифода мегарданд.
Усулҳои Б. боиси дард намешаванд, лекин ҳангоми истифодаи онҳо риояи баъзе қоидаҳо зарур аст. Муолиҷа пас аз 1 – 1,5 соати истеъмоли ғизо тавсия мешавад. Ҳангоми муолиҷа даст расондан ба дастгоҳ, батареяҳо, кранҳо ва ғ. мумкин нест. Бемор бояд дароз кашад (ё нишинад), нахобад, чизе нахонад, электродҳоро наҷунбонад, дар мавриди пайдо шудани эҳсоси нохуш ба ҳамшираи тиббӣ ё духтур муроҷиат кунад. Ҳангоми Б. дар бадани бемор бояд пораҳои металл, тир ва дар либосаш ашёи филизӣ набошад. Дандонҳои филизӣ ба истифодаи электродҳо монеъ намешаванд, зеро дар ин ҳол шиддати таъсир хеле пас аст. Баъд аз Б. камаш ним соат истироҳат бояд кард. Баъди муолиҷа бо микромавҷ, УВЧ ва индуктотермия, ки кас бисёр гарм мешавад, вақти берун баромадан худро аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кардан лозим аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …