Главная / Илм / БАРГИ САНО

БАРГИ САНО

Cassia senna - Cesalpiniaceae
Cassia senna – Cesalpiniaceae

БАРГИ САНО (Sennae folium), барги хушкондаи баъзе растаниҳо (мас., Cassia acutifolia, C. angustifolia, C. obovata ва ғ.), ки дар тиб чун давои исҳоловар кор фармуда мешаванд. Б. с.-ро дар мавриди қабзияти шадид, бавосир, ҷарроҳии рӯдаи рост ва мақъад, қабл ва баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ дар ҷавфи шикам, бо мақсади хориҷ сохтани моддаи контрастӣ баъди рентгени рӯда ва ғ. тайъин мекунанд. Б. с. дар якҷоягӣ бо бактерияҳои рӯда таъсир мерасонад. Сурх шудани ранги пешоб ва қисман дар шири зан ба мушоҳида расидани ҳосилаҳои антрасен аз ҷумлаи таъсироти номатлуби Б. с. мебошанд. Аз вояи муқаррарӣ зиёд кор фармудани Б. с. боиси халаи шикам мешавад. Истифодаи дуру дарози Б. с. бинобар хавфи сар задани ихтилоли мувозанати электролитҳо (талаф ёфтани калий) ва об дар организм ҷоиз нест.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …