Главная / Илм / БАРГЧОЙ

БАРГЧОЙ

chamerion_angustifoliumБАРГЧОЙ (Chamerion angustifolium), муғулчой, гиёҳест бисёрсола. Аз 35 то 150 см қад мекашад. Пояи рости сербарг, барги бедумча ё кӯтоҳдумчаи нештаршакл, гули гулобии арғувонӣ, хӯшагули дароз (дар нӯги поя нумӯ меёбад), ғӯзаи сертухм дорад.
Б. дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ (дар баландии 1000 – 3200 м аз с.б.) асосан дар соҳили дарёҳои кӯҳӣ, канори чашмаҳо, ҷӯйҳо, марғзору шибарзамин ва ҷангалзорҳо месабзад.
Дар тибби халқӣ нақеъи барги Б. истифода мешавад. Бо ин мақсад 15 г барги онро дар як истакон оби ҷӯш андохта, 20 дақиқа нигоҳ медоранд ва ҳангоми захми меъдаю рӯда (рӯзе 3 маротиба пеш аз хӯрок якчумчагӣ) менӯшанд; давои мазкур чун воситаи зидди илтиҳоб низ тавсия шудааст. Ҷӯшоби Б. ҳангоми ихтилоли мубодилаи моддаҳо, захми меъда, варами гулӯ, гӯш, бинӣ ва чун воситаи зидди ташаннуҷ нофеъ аст. Хокаи Б.-ро ба ҷароҳат мепошанд.
Дар амалияи тибби муосир нақеъи Б. дар мавриди захм, газаки меъда ва дарди рӯдаи ғафс кор фармуда мешавад. Бо ин мақсад баргҳои хушки онро дар об андохта, 15 дақиқа меҷӯшонанд. Баъди 45 дақиқа даворо полида мегиранд ва рӯзе 3 – 4 маротиба пеш аз хӯрок якчумчагӣ истеъмол менамоянд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …