Главная / Ҷамъият / Хароҷот барои дороиҳои ғайримоддӣ

Хароҷот барои дороиҳои ғайримоддӣ

Моддаи 122-и Кодекси Андоз. Хароҷот барои дороиҳои ғайримоддӣ

  1. Ба дороиҳои ғайримоддӣ хароҷот барои объектҳои ғайримоддӣ (объектҳои моликияти ғайримоддӣ ба монанди иҷозатнома, патенти ихтироотӣ, тамғаи савдо, ҳуқуқи муаллифӣ, шартнома оид ба истифодаи номи шахси ҳуқуқӣ, таъминоти барномавӣ ва ғайра), ки дар давоми на камтар аз дувоздаҳ моҳ истифода мегарданд, дохил мешаванд, агар мўҳлати истифодабарии хизматии онҳо маҳдуд бошад.
  2. Хароҷот барои ба даст овардани (истеҳсол кардани) дороиҳои ғайримоддӣ ҳамчун маблағгузорӣ ба воситаҳои асосие, ки гурўҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд, ба назар гирифта мешавад ва бояд мутобиқи моддаи 118 Кодекси мазкур аз даромади умумӣ дар намуди ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ тибқи меъёри истеҳлоки воситаҳои асосии гурўҳи 5 тарҳ карда шавад.
  3. Ба арзиши дороиҳои ғайримоддии истеҳлокшаванда хароҷот барои ба даст овардан ё истеҳсол кардани онҳо дохил карда намешавад, агар онҳо ҳангоми ҳисоби фоидаи андозбандишавандаи андозсупоранда аллакай тарҳ шуда бошанд.
  4. Ҳамин модданисбат ба дороиҳои ғайримоддие, ки дар моддаи 121 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, татбиқ намегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …