Главная / Илм / БАРКАГАН Соломон Лвович

БАРКАГАН Соломон Лвович

imagesБАРКАГАН Соломон Лвович (1890, ш. Романовка – 1973, Киев), терапевт, доктори илмҳои тиб (1947), профессор (1950). Хатмкардаи Донишкадаи тиббии ш. Одесса (1926). С.-ҳои 1926 – 1941 аспирант, ассистент ва дотсенти ҳамин донишкада буд. Духтури госпитали ҳарбӣ дар ш. Чимкент (1941 – 45), дотсенти Донишкадаи тиббии Одесса (1945 – 49). Мудири кафедраи терапеяи госпиталии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1949 – 59), сартерапевти раёсати тандурустии ш. Душанбе (1959 – 69). Оид ба роҳҳои муолиҷаю пешгирии тарбод, тарбоди банду буғум, ғалаёни хун, иллати дил, инчунин ташхиси узвҳои дарунӣ, электрокардиография, фармакотерапия зиёда аз шаст китобу мақолаҳои илмӣ навиштааст.
Ос.: Диагностическое значение реакции формолжелатинации сыворотки крови в клинике внутренних болезней, Одесса, 1947; О климатотерапии гипертонической болезни, Сталинабад, 1950.
Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …