Главная / Илм / БАРКАГАН Зиновий Соломонович

БАРКАГАН Зиновий Соломонович

barkaganБАРКАГАН Зиновий Соломонович (06. 12. 1925, ш. Одесса), терапевт, доктори илмҳои тиб (1964), профессор (1955). С. 1946 Донишкадаи тибби шаҳри Одессаро ба итмом расонда, дар ҳамин ҷо ба сифати лаборант, ординатор кор кардааст. С. 1949 ба Тоҷикистон омада, дар Донишкадаи тиббии ҷумҳурӣ ба сифати ассистент ва дотсенти кафедраи касалиҳои дарунӣ заҳмат кашидааст. Аз с. 1958 фаъолияташ дар Донишкадаи тиббии Олтой гузаштааст. Дар бобати усулҳои муолиҷаи фишорбаландӣ, захми меъда ва диг. бемориҳо тадқиқот бурдааст, дар водии Вахш, дараҳои Анзобу Тагоб таҷрибаҳо гузаронида, роҳҳои безарар гардонидани заҳри мор, каждуму ғунда, ҳазорпо ва диг. ҷонваронро муайян намудааст.
Ос.: Опыт лечения фенамином крапивницы, Сталинабад, 1950; Применение фенамина при бронхиальной астме, Сталинабад, 1951; Болезнь Боткина, Сталинабад, 1959; Кровь и жизнь, Барнаул, 1969; Геморрагические заболевания и синдромы, Москва, 1988.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …