Главная / Илм / БАРИНШТЕЙН Леон Аврамович

БАРИНШТЕЙН Леон Аврамович

barinshteyn-leon-abramovichБАРИНШТЕЙН Леон Аврамович (1893, ш. Житомир – 1976, ш. Киев), ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1939), профессор (1935), Донишкадаи тиббии шаҳри Одессаро с. 1922 ба итмом расонда, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистент, дотсент, мудири кафедраи ҷарроҳӣ кор кардааст. С. 1939 ба Тоҷикистон даъват гардида, дар Донишкадаи навтаъсиси тиббии ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохт, чун асосгузори кафедраи ҷарроҳии факултавӣ дар тарбияи нахустдухтурони касбии Тоҷикистон саҳм гирифт, ташкилкунандаи Стансияи ҷумҳуриявии хунгузаронӣ мебошад. Аз мутахассисони барҷастаи бахши травматология маҳсуб мегардид, бобати усулҳои ғайриҷарроҳӣ (ҷо ба ҷо кардани шикастапораҳо, ба ҷояшон андохтани устухонҳои баромада) корҳои илмию амалӣ анҷом додааст. Аз с. 1946 то охири умр дар Донишкадаҳои тибби шаҳрҳои Житомиру Киев фаъолият доштааст.

Ё. Назармамадов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …