Главная / Илм / БРОНХОЭКТАЗ

БРОНХОЭКТАЗ

bronhoektazБРОНХОЭКТАЗ (Bronchoectases; аз бронхҳо ва ektasis – васеъ шудан), бронхоэктазия, иллати узвҳои нафас, ки боиси васеъ ва дигаргун шудани бронхҳо мегардад. Б. модарзод ва ғайримодарзод мешавад. Б.-и модарзод кам дучор меояд. Б.-и ғайримодарзод оқибати бронхити музмин, газаки шуш, грипп, бемориҳои сироятии кӯдакон (сурфакабудак, сурхча) ва ғ. мебошад. Балғаме, ки ҷамъ мешавад, ба газак гирифтани девораи бронхҳо ва бофтаи атрофи шуш мусоидат мекунад. Ҷараёни Б. музмин аст. Аломатҳои клиникии Б.-и хурд ва камшумори вараҷа муддати дароз падид намеоянд. Дар аснои Б.-и калони сершумор табларза ва сулфаи сахт рӯй дода, балғами бисёри бадбӯй (дар як шабонарӯз то 1л), махсусан пагоҳирӯзиҳо, ихроҷ мешавад. Аҷаб нест, ки аз шуш хун равад. Агар касалӣ кӯҳна шавад, гурда ва силсилаи дилу рагҳо иллат меёбанд.
Ҳангоми шиддати беморӣ табобатро дар беморхона мегузаронанд. Дар давраҳои хомӯш гаштани ҷараёни илтиҳоб таҳти назорат ва таъиноти духтур тадбирҳое андешида мешаванд, ки барои аз балғам тоза шудани бронхҳо кӯмак мерасонанд. Табобати санатории Б. дар курортҳои иқлимашон хушку гарм, инчунин муолиҷаи физиотерапевтӣ фоидабахш мебошанд. Агар иллати шуш яктарафа ё маҳдуд бошад, ҷарроҳӣ натиҷаи хуб медиҳад. Дуруст ва сари вақт табобат кардани газаки шадид ва музмини узвҳои нафас роҳи асосии пешгирӣ намудани Б. маҳсуб мешавад.
Пешгирии ҷараёни илтиҳоби бронхҳо ба афзудани муқобилати организм ба сироят асос ёфтааст. Бо ин мақсад риояи тартиби кору истироҳат, машғулиятҳои варзишии нафаскашӣ, обутоби организм, инчунин истеъмоли хӯроки серғизое, ки ба миқдори кофӣ сафедаҳои ҳайвонӣ ва витамин дорад, зарур аст. Дар муҳити ҳавояш тоза, ҳарорати доимӣ ва орӣ аз моддаҳои кимиёӣ кор кардани беморон барои пешгирии Б. хеле муҳим мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …