Главная / Илм / БРОНХОГРАФИЯ

БРОНХОГРАФИЯ

bronchographiaБРОНХОГРАФИЯ (аз бронхҳо ва юн. grapho – навиштан, тасвир кардан), усули тадқиқи рентгенологии бронхҳо баъди ба сӯрохи онҳо фиристодани моддаҳои рентгеноконтрастӣ. Ҳангоми Б. аз равғани йоднок (йодолипол) ё моддаҳои махсуси рентгеноконтрастӣ (пропилйодон) истифода мекунанд. Б. бо мақсади омӯзиши морфология ва фаъолияти бронхҳо, ҳамчунин ошкор сохтани бемориҳои онҳо (мас., бронхоэктазҳо) амалӣ гардонда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …