Главная / Илм / БРОНХОСКОПИЯ

БРОНХОСКОПИЯ

bronhoskopiiaБРОНХОСКОПИЯ (аз бронхҳо ва юн. skopeo – мушоҳида кардан, дидан), трахеобронхоскопия, усули тадқиқи даруни трахея ва бронхҳо ба воситаи асбобҳои махсуси оптикӣ. Б.-ро барои ташхиси бемориҳои трахея, бронхҳо, шуш, ғуддаҳои лимфавии дохили сина, ки муҷиби хунпартоӣ мешаванд, сурфаи бардавом, дамкутоҳӣ, тағйирот дар рентгенограмма (омос, сил, ҷисми бегонаи трахеяю бронхҳо ва ғ.) истифода мебаранд. Дар мавриди Б. агар аз вуҷуд доштани омос гумонбар шаванд, пас биопсия низ мегузаронанд. Б. бо мақсади иҷрои баъзе тадбирҳои табобатӣ низ амалӣ гардонда мешавад, мас., берун овардани ҷисмҳои бегона ва бронхолитҳо аз роҳи нафас (ниг. Бронхолитиаз), манъ кардани хунравӣ аз шуш, шикофтани думбали шуш ва ғ.
Б. ба тавассути бронхоскопҳои сахт ё бронхофиброскопҳо гузаронда мешавад. Бронхоскопҳои сахтро зери наркоз ва дар ҳолати ба тахтапушт хобидани бемор истифода мебаранд. Ҳангоми осеб доштани сутунмӯҳраи гардан, ҷоғи поён ва барои организм бадпазир будани беҳиссозии умумӣ (ниг. Наркоз) корбасти бронхоскопи сахт ҷоиз нест. Бронхофиброскопия зери беҳиссозии мавзеӣ ва дар ҳолати нишастан ё ба пушт дароз кашидани бемор гузаронда мешавад. Эндоскопро ба бронхҳо аз бинӣ ё даҳон мефиристанд. Бинобар чандир ва борик будан, бронхофиброскоп барои дақиқ муоина кардани бронхҳо имконияти мусоид фароҳам меорад. Истифодаи бронхофиброскоп нисбатан безарар аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …