БРОНХОСТЕНОЗ (Bronchostenosis; аз бронхҳо ва юн. stenosis – танг шудан), бебозгашт танг шудани сӯрохи бронх. Сабабҳои Б. нуқси инкишофи бронх, омосҳои гуногун (аз бронх манша мегиранд), ба бронх фишор овардани омоси дохили қафаси сина, илтиҳоби девораи бронхҳо (бинобар осеб ё дармондани ҷисми бегона) ва ғ. мебошанд. Б. дар натиҷаи сили бронхҳо ва бронхаденит низ ба вуҷуд меояд. Аломати асосии Б. сурфаи хушк ё тар, гоҳо хунпартоӣ мебошад.
Дар мавриди гумонбарӣ аз Б. беморро барои тадқиқи возеҳи рентгенологӣ ва бронхоскопия ба беморхона фиристодан лозим аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …