Главная / Илм / БРОНХОЛИТИАЗ

БРОНХОЛИТИАЗ

bronholitiazБРОНХОЛИТИАЗ (Broncholitiasis; аз бронхҳо ва юн. lithos – санг), беморие, ки ҳангоми он дар ҷавфи бронхҳо санг (бронхолитҳо) пайдо мешавад. Бронхолитҳо, одатан, баъди аз сар гузарондани бронхаденити силӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо ҷузъҳои ба калтсий табдилёфтаи ғуддаҳои лимфавии бронху шуш буда, ба сӯрохи бронх дар вақти некрози девораи он ворид мегарданд.
Аломатҳои болинии Б. хунпартоӣ, сурфа ва ғ. мебошанд (ниг. Бронхит). Баъзан дар балғам низ зарраҳои бронхолитҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Б. гоҳо бидуни ягон аломат рух менамояд. Бемориро бо роҳи муоинаи рентгенологии мариз, аз ҷумла бронхография ва бронхоскопия ташхис мекунанд. Дар мавриди бронхоскопия бронхолитҳои дар роҳи нафас озод ҷойгирифтаро ба тавассути экстракторҳо дур месозанд. Ҳангоми ба сӯрохи бронх пурра ворид нашудани бронхолит ва вуҷуд доштани хавфи хунравӣ ба амалиёти ҷарроҳӣ даст мезананд. Дар сурати сари вақт табобат кардани Б. фарҷоми беморӣ хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …