Главная / Илм / АЛ-ҶАВДИЯ

АЛ-ҶАВДИЯ

avicenna«АЛ-ҶАВДИЯ» («Некӣ ва нек шудан»), рисолаест дар боби тиб. Мутааллиқ ба қалами Абӯалӣ ибни Сино буда, с-ҳои 1005 – 10 ба забони тоҷикӣ иншо шудааст. Ҳаҷму мазмун, забону баёни «А.-Ҷ.» шаҳодат медиҳад, ки вай барои омма бо мақсади ҷорӣ намудани қоидаҳои ҳифзи саломатӣ, баланд бардоштани савияи дониши тиббии мардум ва наҷот додан аз баъзе иллатҳои оддӣ таълиф ёфтааст. Муқаддимаи рисола бо ин сатрҳо сар мешавад: «…Бидон, ки ҷамеи иллатҳо аз хӯрдани бисёру гуфтани бисёр ва хуфтани бисёру муҷомиати бисёр падид ояд. Аз хӯрдани бисёр меъда табоҳ шавад ва ҷигар заиф шавад ва дарди шикаму гурда падид ояд ва ногувориш ва бодҳои зишту тухма ва сустии аъзо бувад. Ва аз хоби бисёр зардии рӯй ва гаронии тан бошад ва мағз тиҳӣ гардад ва чашм биомосад, савдо ғолиб шавад. Ва аз бисёр гуфтан дарди сар ва шақиқа бувад ва ҳарорати сафро ва зиёдатии ранҷ ва ба охири умр иллатҳои саъб ориз гардад. Ва аз муҷомиат кардани бисёр гурда заиф шавад ва тан лоғар гардад ва чашм торик ва мағз хушк шавад ва лаззати шаҳват дарнаёбад ва рӯяш зуд сафед шавад ва пӯсти бадан дурушт гардад».
«А.-Ҷ.» аз 8 боб иборат буда, дар онҳо дар бораи илоҷи баъзе бемориҳои чашм (пурхунӣ, тухмак, илтиҳоб ва об рафтани чашм, шабкӯрӣ, рехтани мижа), дандону даҳон (дард ва хунравии дандон, бӯи бад ва об рафтан аз даҳон ва ғ.), меъда, дафъи қай, кирми меъда, қуланҷ, дарди нофу заҳор, калаф, таб, хориши андом, моргазида, мӯйрезӣ, берун омадани мақъад, дармони бавосир, омос, дарди хоя, сустии қувваи боҳ, истисқо, қатъ ва ифроти ҳайзи занон, нозоӣ, сусткамарӣ, камширии пистон, усулҳои маҳв намудан ва ё хӯсонидани ҳашарот (магас, кайк, мӯрча ва ғ.), ҷонварҳои газанда (мор, каждум) ва лавозимоти пардози бадан сухан меравад. Муаллиф барои табобати бемориҳои номбурда ҳаргуна наботот ва меваю сабзавот, моддаҳои ғизоӣ, химиявӣ ва органикиро тавсия медиҳад.
Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …