Главная / Илм / АЛ-ФУСУЛУ-Л-ИЛОҚИЯТУ Фӣ КУЛЛИЁТИ-Т-ТИБ

АЛ-ФУСУЛУ-Л-ИЛОҚИЯТУ Фӣ КУЛЛИЁТИ-Т-ТИБ

asar«АЛ-ФУСУЛУ-Л-ИЛОҚИЯТУ Фӣ КУЛЛИЁТИ-Т-ТИБ», асари Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ (ваф. 1141) дар робита ба куллиёти тиб. Китоб аз рӯи куллиёти «Қонуни тиб»-и Ибни Сино талхис ва танзим карда шудааст. Аҳамияти китобро ба назар гирифта, олимон минбаъд ба он шарҳҳои зиёд таълиф намудаанд, чунончи: шарҳи ҳаким Маҳмуд ибни Алӣ ал-Ҳимсӣ мусаммо ба «ал-Имолию-л-ироқияту фи шарҳи-л-Фусули-л-илоқияти»; шарҳи Абӯссано Музаффар ибни Амирҳоҷҷи Табрезӣ мусаммо ба «ал-Баситу-л-воқӣ фӣ шарҳи «Мухтасари-л-Илоқӣ»; шарҳи Муҳаммад ибни Алии Нишопурии машҳур ба Фахриддини Исфароинӣ; шарҳи Садидуддини Симнонӣ ва ғ.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», Лубнон, ҷ. 2, 2007; Муҳаммад Мӯъин, «Фарҳанги форсӣ», ҷ. 6, Теҳрон, 1379 ҳ. ш.
С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …