Главная / Илм / АЛ-ҶОМЕЪ ЛИ МУФРАДОТИ-Л-АДВИЯ ВА-Л-АҒЗИЯ

АЛ-ҶОМЕЪ ЛИ МУФРАДОТИ-Л-АДВИЯ ВА-Л-АҒЗИЯ

kniga«АЛ-ҶОМЕЪ ЛИ МУФРАДОТИ-Л-АДВИЯ ВА-Л-АҒЗИЯ» («Китоби ҷомеъ дар баёни доруҳои сода ва ғизоҳо»), асари Зиёуддин Абдуллоҳ ибни Аҳмад, маъруф ба Ибни Байтор (1197 – 1248). Аз китобҳои беҳтарин дар дорушиносӣ буда, дар он тавсиф, табиат ва хосияти давоии зиёда аз 1400 доруи сода ва гиёҳҳои доругӣ бо номҳои арабӣ, юнонӣ ва лотинӣ ба таври муфассал, дақиқ ва ба тартиби алифбо ёд гаштаанд. Аз ҷумла қариб 300 доруе, ки дар китоб оварда шудааст, аз кашфиёти худи Ибни Байтор мебошад. Ҳамаи доруҳое, ки муаллиф зикр кардааст, худ бевосита онҳоро дида, муояна ва таҳқиқ намудааст. «А.» дар асрҳои миёна чанд маротиба ба лотинӣ ва дар замони ҳозир ба забонҳои немисӣ ва фаронсавӣ тарҷима ва нашр шудааст. Он то а. 18 дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби дарсӣ омӯхта мешуд.
Ад.: Риёз Рамазон, «ад-Даво мин фаҷри-т-таърих ила-л-явм»; Аҳмад Шавкат, «Таъриху-т-тиб ва одобуҳу ва аъломуҳу».
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …